Қарори Рустами Эмомалӣ дар бораи роҳандозии барномаи “Пардохти ҳушманд” дар Душанбе

CC0 / pxhere / Банковская карта
Банковская карта - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.07.2023
Обуна шудан
Бо қарори раиси шаҳри Душанбе пардохти хизматрасонии коммуналӣ ва дигар намудҳои хизматрасонии давлатӣ ғайринақдӣ тавассути "Пардохти ҳушманд" сурат мегирад
ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Аз 1 август сохторҳои Мақомоти шаҳри Душанбе барои гузаштан ба низоми пардохти ғайринақдӣ дар кори худ аз барномаи "Пардохти ҳушманд" (Smart Pay) истифода мебаранд
Қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар бораи роҳандозии барномаи "Пардохти ҳушманд" (Smart Pay) ба тасвиб расидааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти шаҳрдории Душанбе хабар додааст.
Тибқи иттилои манбаъ, қарори мазкур бо мақсади таъмини пардохти ҳамаи андозҳою боҷҳои давлатӣ, ҷаримаҳо, додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасонии коммуналӣ ва дигар намудҳои хизматрасонии давлатӣ ҷиҳати амалишавии марҳилаи якуми барномаи “Пардохти ҳушманд” (Smart Pay) амалӣ мегардад.
Пункт по денежным переводам. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.07.2023
428 муассисаи тибии кишвар ба хизматрасонии ғайринақдӣ мегузаранд
Ҳамзамон,тибқи иттилои шаҳрдори дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Душанбе пардохти маблағи китобҳои дарсӣ аз тарафи падару модарон ба таври ғайринақдӣ амалӣ мегардад.
Ёдовар мешавем, ки аз 1 август тамоми хизматрасонии муздноки тиббӣ низ ба таври ғайринақдӣ амалӣ мешавад.
Ин иқдом дар асоси Фармони Президенти Тоҷикистон "Дар бораи тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ" аз 1 августи соли 2023 пардохти андозҳо, боҷҳои давлатӣ барои додани иҷозат ва иҷозатномаҳо, пардохтҳои дигари ҳатмӣ ба буҷет, ҷаримаҳо, маблағи суғуртаи ҳатмии давлатӣ, хизматрасонии тиббӣ, хизматрасонии коммуналӣ, намудҳои дигари хизматрасонии давлатӣ, инчунин қабули маблағҳо аз ҷониби вазорату идораҳо ва ташкилоти давлатӣ тариқи ғайринақдӣ амалӣ мешавад.
Лентаи хабарҳо
0