https://sputnik.tj/20230731/payvastshavi-komili-tojikiston-nizomi-yagona-energetiki-1058544833.html
Таъхири пайвастшавии комили Тоҷикистон ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ
Таъхири пайвастшавии комили Тоҷикистон ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати энергетика Тоҷикистон, ки санаи пайвастшавии кишвар ба низоми ягонаи энергетикиро моҳи апрели 2023 гуфта буд, аз таъхир дар ин раванд гузориш дод
2023-07-31T12:45+0500
2023-07-31T12:45+0500
2023-07-31T13:28+0500
дар тоҷикистон
энергетика
нерӯ
барқ
осиёи марказӣ
низом
либоси ягона
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/01/1032738955_0:36:1075:641_1920x0_80_0_0_1761945f2d2df7a6808b800a0c0369bf.jpg
ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Тоҷикистон ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ ба таври комил моҳи апрели соли оянда пайваст хоҳад шуд. Дар ин бора вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, Далер Ҷумъа, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Бу гуфти Далери Ҷумъа, ки қаблан замони пайвастшавии хатҳои 500 ва 220 кВ-ро то моҳи апрели соли равон, яъне то оғози мавсими содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон гуфта буд, таъхиркориҳоро дар ин раванд эътироф кард. Вазир тавзеҳ дод, ки раванди пайвастшавӣ аз ду қисм иборат буда, дар қисмати ғарбӣ ҳамаи хатҳо ба истиснои хатти интиқоли 500 киловолтӣ аллакай пайвастанд ва ин хат низ рӯзҳои наздик пайваст мешавад. Ба гуфтаи Далер Ҷумъа, дар қисмати шимоли ҷумҳурӣ - дар Суғд барои - мувофиқасозиҳои ба ном модули математикӣ вақти бештар зарур шуд. Бо назардошти афзоиши сарбориҳо дар шимоли Тоҷикистон, барои мутахассисон вақти бештар зарур шуд, масоилро коркард кунанд, афзуд ӯ. Вазир афзуд, ки то охири соли равон хатти нерӯи барқро омода мекунанд, аммо пайвастшавии комили он моҳи апрели соли оянда сурат хоҳад гирифт. Масъулини энергетикаи Тоҷикистон қаблан мегуфтанд, ки эҳтимол то охири соли 2022 ва аввали соли 2023 ҷумҳурӣ пурра ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ пайваст шавад. Муовини аввали вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, Ҷамшед Шоимзода, изҳор дошта буд, ки қисман пайвастшавӣ аллакай сурат гирифтааст, чун аз тариқи хатҳо дар ҷанубу шимоли ҷумҳурӣ нерӯи барқ содирот мешавад. Муовини аввали вазир гуфт, дар ин масъала омилҳои зиёд ҷой доранд ва ҷониби Тоҷикистон махсусан ба эътимоднокию устувории кори низоми ягона таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад.
https://sputnik.tj/20230731/afzoish-tavlidi-barq-tojikiston-pul-jam-1058543811.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/02/01/1032738955_0:0:1027:770_1920x0_80_0_0_795164a68288a742274558734966eab6.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, низом, ягон, осиёи марказӣ, энергетика
тоҷикистон, низом, ягон, осиёи марказӣ, энергетика
Таъхири пайвастшавии комили Тоҷикистон ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ
12:45 31.07.2023 (Навсозишуда: 13:28 31.07.2023) Вазорати энергетика Тоҷикистон, ки санаи пайвастшавии кишвар ба низоми ягонаи энергетикиро моҳи апрели 2023 гуфта буд, аз таъхир дар ин раванд гузориш дод
ДУШАНБЕ, 31 июл — Sputnik. Тоҷикистон ба низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ ба таври комил моҳи апрели соли оянда пайваст хоҳад шуд.
Дар ин бора вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, Далер Ҷумъа, зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Бу гуфти Далери Ҷумъа, ки қаблан замони пайвастшавии хатҳои 500 ва 220 кВ-ро то моҳи апрели соли равон, яъне то оғози мавсими содироти нерӯи барқ аз Тоҷикистон гуфта буд, таъхиркориҳоро дар ин раванд эътироф кард.
"Дар ҳақиқат бархе ақибмонӣ аз нақшаи корӣ вуҷуд дорад, аммо он сабабҳои объективӣ дорад", - изҳор дошт ӯ.
Вазир тавзеҳ дод, ки раванди пайвастшавӣ аз ду қисм иборат буда, дар қисмати ғарбӣ ҳамаи хатҳо ба истиснои хатти интиқоли 500 киловолтӣ аллакай пайвастанд ва ин хат низ рӯзҳои наздик пайваст мешавад.
Ба гуфтаи Далер Ҷумъа, дар қисмати шимоли ҷумҳурӣ - дар Суғд барои - мувофиқасозиҳои ба ном модули математикӣ вақти бештар зарур шуд. Бо назардошти афзоиши сарбориҳо дар шимоли Тоҷикистон, барои мутахассисон вақти бештар зарур шуд, масоилро коркард кунанд, афзуд ӯ.
Вазир афзуд, ки то охири соли равон хатти нерӯи барқро омода мекунанд, аммо пайвастшавии комили он моҳи апрели соли оянда сурат хоҳад гирифт.
Масъулини энергетикаи Тоҷикистон қаблан мегуфтанд, ки эҳтимол то охири соли 2022 ва аввали соли 2023 ҷумҳурӣ пурра ба низоми энергетикии Осиёи Марказӣ пайваст шавад.
Муовини аввали вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон, Ҷамшед Шоимзода, изҳор дошта буд, ки қисман пайвастшавӣ аллакай сурат гирифтааст, чун аз тариқи хатҳо дар ҷанубу шимоли ҷумҳурӣ нерӯи барқ содирот мешавад.
Муовини аввали вазир гуфт, дар ин масъала омилҳои зиёд ҷой доранд ва ҷониби Тоҷикистон махсусан ба эътимоднокию устувории кори низоми ягона таваҷҷӯҳ зоҳир мекунад.