https://sputnik.tj/20230730/putin-flot-posbon-shikastnopazir-sarhadoti-vatan-1058536274.html
Путин: Флот посбони шикастнопазири сарҳадоти Ватан боқӣ мемонад
Путин: Флот посбони шикастнопазири сарҳадоти Ватан боқӣ мемонад
Sputnik Тоҷикистон
Таъкид гардид, ки ҳанӯз аз замони Пётри 1 нерӯҳои дарёии Русия пирӯзиҳои зиёд ба даст оварда, дар сайрҳои ҷаҳонӣ ва кушоишҳои ҷуғрофӣ саҳм гузошта истодаанд
2023-07-30T18:00+0500
2023-07-30T18:00+0500
2023-07-30T18:56+0500
дар русия
амният ва мудофиа
владимир путин
нерӯҳои мусаллаҳ
неруҳои баҳрӣ
гузашти низомӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/1e/1058536102_0:0:3192:1796_1920x0_80_0_0_c5b257454639a279914c3fe6bdc8f85a.jpg
ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Раисҷумҳури Русия, Владимир Путин дар гузашт ба муносибати Рӯзи нерӯҳои дарёии кишвар иштирок намуда, русиягиҳоро бо ин ҷашн шодбош гуфт. Ӯ таъкид кард, ки нерӯҳои дарёии кишвар қувваи мағлубнашавандае мебошанд, ки асрҳо дар ҳифзи сарҳаду Ватан будаанд"Флоти Русия на як бору ду бор дар сари роҳи душман ҳамчун қалъаи шикастнопазир истода буд. Мо мудофиаи қахрамононаи Порт-Артур, Севастопол, Петропавловск ва Ленинград, ҳамчунин далерии аскарони пиёдагарди баҳриро дар Маскав, Сталинград ва минтақаҳои қутбӣ ёд дорем", - гуфт ӯ. Вай афзуд, ки ҳанӯз аз замони Пётри 1 нерӯҳои дарёии Русия дар набардҳои баҳрӣ, сайру саёҳатҳои саросари ҷаҳон, бозёфтҳои ҷуғрофӣ ва илму техника пирӯзиҳои зиёд ба даст овардаанд. Президент зикр намуд, ки соли равон 320-солагии Флоти Балтика, 290-солагии Флоти Шимолӣ ва 240-солагии Флоти Баҳри Сиёҳ ҷашн гирифта мешавад. Раисҷумҳури Русия иттилоъ дод, ки танҳо соли равон 30 киштии навъҳои гуногун ҳайати нерӯҳои дарёии кишварро пурра мекунанд. Миёни онҳое, ки вазифаи ҷангиро ба зимма гирифтаанд, киштии мушакии "Меркурий" низ ҳаст, илова намуд ӯ. Владимир Путин зикр намуд, ки зиёда аз сад сол пеш Петр Столипин ин нерӯҳоро далели он номида буд, ки халқ қудрат дорад, баҳрро таҳти назорат дошта бошад. Маврид ба зикр аст, ки гузаштҳои ҳарбӣ дар Владивосток, Балтийск, Североморск, Каспийск, Новороссийск ва Тартус (Сурия) баргузор гардиданд.
https://sputnik.tj/20230725/artishi-ukraina-kishtii-rusiya-bahri-siyoh-hamla-1058439334.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/1e/1058536102_461:0:3192:2048_1920x0_80_0_0_5ee304c9ca98e9b26623ffe26b6b9187.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
владимир путин, русия, гузашт, низомӣ, пётр
владимир путин, русия, гузашт, низомӣ, пётр
Путин: Флот посбони шикастнопазири сарҳадоти Ватан боқӣ мемонад
18:00 30.07.2023 (Навсозишуда: 18:56 30.07.2023) Таъкид гардид, ки ҳанӯз аз замони Пётри 1 нерӯҳои дарёии Русия пирӯзиҳои зиёд ба даст оварда, дар сайрҳои ҷаҳонӣ ва кушоишҳои ҷуғрофӣ саҳм гузошта истодаанд
ДУШАНБЕ, 30 июл — Sputnik. Раисҷумҳури Русия, Владимир Путин дар гузашт ба муносибати Рӯзи нерӯҳои дарёии кишвар иштирок намуда, русиягиҳоро бо ин ҷашн шодбош гуфт.
Ӯ таъкид кард, ки нерӯҳои дарёии кишвар қувваи мағлубнашавандае мебошанд, ки асрҳо дар ҳифзи сарҳаду Ватан будаанд
"Флоти Русия на як бору ду бор дар сари роҳи душман ҳамчун қалъаи шикастнопазир истода буд. Мо мудофиаи қахрамононаи Порт-Артур, Севастопол, Петропавловск ва Ленинград, ҳамчунин далерии аскарони пиёдагарди баҳриро дар Маскав, Сталинград ва минтақаҳои қутбӣ ёд дорем", - гуфт ӯ.
Вай афзуд, ки ҳанӯз аз замони Пётри 1 нерӯҳои дарёии Русия дар набардҳои баҳрӣ, сайру саёҳатҳои саросари ҷаҳон, бозёфтҳои ҷуғрофӣ ва илму техника пирӯзиҳои зиёд ба даст овардаанд.
Президент зикр намуд, ки соли равон 320-солагии Флоти Балтика, 290-солагии Флоти Шимолӣ ва 240-солагии Флоти Баҳри Сиёҳ ҷашн гирифта мешавад.
Раисҷумҳури Русия иттилоъ дод, ки танҳо соли равон 30 киштии навъҳои гуногун ҳайати нерӯҳои дарёии кишварро пурра мекунанд.
Миёни онҳое, ки вазифаи ҷангиро ба зимма гирифтаанд, киштии мушакии "Меркурий" низ ҳаст, илова намуд ӯ.
Владимир Путин зикр намуд, ки зиёда аз сад сол пеш Петр Столипин ин нерӯҳоро далели он номида буд, ки халқ қудрат дорад, баҳрро таҳти назорат дошта бошад.
Маврид ба зикр аст, ки гузаштҳои ҳарбӣ дар Владивосток, Балтийск, Североморск, Каспийск, Новороссийск ва Тартус (Сурия) баргузор гардиданд.