Зарбаи Русия Зеленскийро дар бунбаст мегузорад

© AP / Vadim GhirdaПрезидент Украины Владимир Зеленский
Президент Украины Владимир Зеленский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.07.2023
Обуна шудан
Мушовири собиқи раиси Пентагон изҳор доштааст, ки кишвардори Украина ба далели нобудсозии мушакҳои HIMARS ба бунбаст афтод
Раисиҷумҳури Украина Владимир Зеленский ба далели боздошт ва нобуд кардани чанд мушакандози HIMARS аз ҷониби системаҳои дифоъи ҳавоии Русия худро дар бунбаст қарор дод.
Дар ин бора полковник Дуглас МакГрегор, мушовири собиқи раиси Пентагон дар мусоҳиба бо шабакаи Youtube Real London гуфт,
"Системаи мудофиаи зиддиҳавоии Русия бузург аст, ман роҳи беҳтаре барои тавсифи онро наметавонам. Вазъияти ноумедие, ки мо бо Зеленский мебинем. Вай хашмгин ва ошуфтааст", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи коршинос, артиши Русия бо кумаки системҳои дифоъи ҳавоии худ мушаки аслии украинҳоро "корношоям" кард, ки раҳбари режими Киевро дар бунбаст гузошт.
Набудани ҳимоя аз НАТО, талафоти даҳшатбор дар артиши ӯ низ вазъи ӯро бадтар мекунад, афзуд МакГрегор.
"Ӯ хашмгин аст, талафот дар дохили кишвар даҳшатовар аст ва танҳо пули Амрико воқеан аз ин ҳукумати Украина пуштибонӣ мекунад. Ӯ нафаси охирини худро мекашад. Ба ин кор хотима додан аз ҷиҳати башардӯстонатар мебуд", - хулоса кард коршинос.
Қаблан рӯзи 22 июл вазорати дифои Русия аз боздошти 15 мушаки HIMARS MLRS, се мушаки HARM ва як мушаки Storm Shadow бо истифода аз системаҳои дифои ҳавоӣ хабар дод.
Лентаи хабарҳо
0