Дар Тоҷикистон даҳҳо тонна гӯшту тухми хатарнокро нобуд кардаанд

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкПроизводство мясной продукции
Производство мясной продукции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.07.2023
Обуна шудан
Кумтаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Тоҷикистон аз нобудсозии маҳсулоти ғизоӣ хабар дод, ки барои саломатии шаҳрвандон хатар доштанд
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон даҳҳо тонна маҳсулоти хатарноки ғизоӣ дар Тоҷикистон тайи 6 моҳи аввали соли равон нобуд карда шудааст, ки аз тухму асал то меваю гӯштро дар бар мегирад.
Муҳаммадсаид Файзуллозода, раиси Кумитаи амнияти озуқавории назди ҳукумати ҶТ, зимни нишасти хабарӣ гуфт, дар ин давра 28,4 тонна маҳсулоти гӯштӣ, 5,1 тонна маҳсулоти ширӣ, 1070,2 литр равғани растанӣ, 15356,0 дона тухми паранда ва 391 кг моҳии хатарнок нобуд карда шуд.
Ба иттилои манбаъ ҳамчунин дар пайи ташхисҳо 244 кило асал, 4,5 тонна маҳсулоти намакин, 3,3 тонна меваи хушк, 10,5 тонна меваю сабзавот ва 3,6 тонна маҳсулоти полезӣ, ҳамчун маҳсулоти бесифат ва хавфнок муайян карда, аз фурӯш боздошта шуда, нобуд карда шудаанд.
Ослабление карантинного режима в городах России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.06.2023
Барномаи ҳукумат кор дод: Тоҷикистон воридоти гӯшт аз хориҷро ба коҳиш додааст
Барои дарёфти маҳсулоти пастсифар кормандони ин ниҳод дар бозорҳои истеъмолии ҷумҳурӣ 555 ҳазору 577 адад ташхисҳои маҳсулоти озуқаворӣ гузаронидаанд.
Файзуллозода гуфт, дар ин давра бо истифода аз ваксинаҳо ва дигар маводҳои байтории дар марказҳои таъминоти бехатарии озуқаворӣ ҷойдошта, дар ин давра ҷиҳати пешгирии бемориҳои сироятии чорво зиёда аз 9,5 млн сар ҳайвоноту парандаҳо бо эмгузаронӣ ва чораҳои пешгирӣ таъмин шудааст.
Ҳамчунин дар Кумита дастаи фумигатсионии ҷумҳуриявӣ фаъолият менамояд, ки дар маҷмуъ дар ин давом ба миқдори 39674 тонна, 7532 м3 ва 772 327 дона маҳсулот ба маблағи умумии 688 603 сомонӣ безарар гардонида шудааст.
Лентаи хабарҳо
0