https://sputnik.tj/20230728/majlis-hukumat-tojikiston-kabinet-muhokima-1058497791.html
Маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон: кобинаи вазирон чиро баррасӣ кард
Маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон: кобинаи вазирон чиро баррасӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар ин ҷаласа ҳозирон тағйироту иловаҳо ба як қатор қонунҳо, аз ҷумла ба Кодексҳои ҷиноӣ ва оилавӣ, ҳифзи саломатӣ ва шаҳрсозиро баррасӣ карданд
2023-07-28T13:56+0500
2023-07-28T13:56+0500
2023-07-28T13:56+0500
дар тоҷикистон
ҳукумат
сиёсат
қоҳир расулзода
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/1c/1058494804_0:42:800:492_1920x0_80_0_0_4f2d34b86693213db536665281b00ad1.jpg
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Дар Душанбе ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон таҳти раёсати сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода баргузор шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати кишвар хабар додааст. Дар ҷаласа ҳозирин масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як қатор қонунҳо, аз ҷумла - ба Кодекси ҷиноятӣ, Кодекси оила, инчунин ҳифзи ҳуқуқи кӯдаконро баррасӣ карданд. Дар баробари ин аъзоёни Кобинаи вазирон ба масъалаи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ, нигаҳдории тандурустӣ, шаҳрсозӣ ва вазъи молиявӣ дахл карданд. Дар бораи созишнома бо Япония барои додани стипендияи таълимӣ низ қарор қабул карда шуд. Ҳамчунин дар ин ҷаласа номивазкунии баъзе объектҳои ҷуғрофии кишвар баррасӣ шудааст, ки манбаъ дақиқ накардааст, ки кадомҳост.Сарвазир, ҳамзамон, ҷиҳати иҷрои саривақтии дастурҳои президент барои татбиқи саривақтӣ ва босифати нақша- чорабиниҳои омодагӣ ба таҷлили ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифаҳо додааст.Ба раҳбарони вилоятҳо ва шаҳру навоҳӣ дастур шудааст, ки ба зимистон омодагии хуб бинанд ва захираи кофии маводи озуқаву сӯзишворӣ, тайёрии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хонишро таъмин намоянд.
https://sputnik.tj/20230615/suporishi-rahmon-hukumat-zimistonguzaroni-omoda-1057735642.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/1c/1058494804_44:0:756:534_1920x0_80_0_0_f9426e650454fcc4a2317d4c3bba1fa1.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
маҷлис ҳукумат тоҷикистон кобина вазирон баррасӣ
маҷлис ҳукумат тоҷикистон кобина вазирон баррасӣ
Маҷлиси ҳукумати Тоҷикистон: кобинаи вазирон чиро баррасӣ кард
Дар ин ҷаласа ҳозирон тағйиру иловаҳо ба як қатор қонунҳо, аз ҷумла - ба Кодексҳои ҷиноӣ ва оилавӣ, ҳифзи саломатӣ ва шаҳрсозиро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 28 июл — Sputnik. Дар Душанбе ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон таҳти раёсати сарвазири ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода баргузор шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати кишвар хабар додааст.
Дар ҷаласа ҳозирин масъалаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба як қатор қонунҳо, аз ҷумла - ба Кодекси ҷиноятӣ, Кодекси оила, инчунин ҳифзи ҳуқуқи кӯдаконро баррасӣ карданд.
Дар баробари ин аъзоёни Кобинаи вазирон ба масъалаи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ, нигаҳдории тандурустӣ, шаҳрсозӣ ва вазъи молиявӣ дахл карданд.
Дар бораи созишнома бо Япония барои додани стипендияи таълимӣ низ қарор қабул карда шуд.
Ҳамчунин дар ин ҷаласа номивазкунии баъзе объектҳои ҷуғрофии кишвар баррасӣ шудааст, ки манбаъ дақиқ накардааст, ки кадомҳост.
Сарвазир, ҳамзамон, ҷиҳати иҷрои саривақтии дастурҳои президент барои татбиқи саривақтӣ ва босифати нақша- чорабиниҳои омодагӣ ба таҷлили ҷашни бузурги миллӣ — 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ ба роҳбарони вазорату идораҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифаҳо додааст.
Ба раҳбарони вилоятҳо ва шаҳру навоҳӣ дастур шудааст, ки ба зимистон омодагии хуб бинанд ва захираи кофии маводи озуқаву сӯзишворӣ, тайёрии муассисаҳои таълимӣ ба соли нави хонишро таъмин намоянд.