https://sputnik.tj/20230727/pidrom-amriko-nato-jang-ukraina-shimol-afghoniston-bikashand-1058475301.html
Пидром: Амрико ва НАТО мехоҳанд ҷангро аз Украина ба шимоли Афғонистон бикашанд
Пидром: Амрико ва НАТО мехоҳанд ҷангро аз Украина ба шимоли Афғонистон бикашанд
Sputnik Тоҷикистон
Раҳбари ҳизби кунгураи миллии Афғонистон гуфт, ки Амрико ва НАТО бо афзоиши хатари шикаст дар Украина мумкин аст ҷангро ба шимоли Афғонистон бикашанд
2023-07-27T14:21+0500
2023-07-27T14:21+0500
2023-07-27T16:47+0500
украина
хатар
афғонистон
дар ҷаҳон
сиёсат
ҷанг
шимол
амрико
нато
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102295/63/1022956302_0:492:1724:1462_1920x0_80_0_0_7960d372f28a69e64fd7fafd4b01bd0e.jpg
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Намояндаи пешини порлумони Афғонистон Абдуллатифи Пидроми дар саҳифаи твиттериаш навишт, ки бо афзоиши хатари шикасти Украина Амрико ва НАТО мумкин аст барои ноамнсозии Осиёи марказӣ ҷангро ба шимоли Афғонистони бикашонанд, иттилоъ додааст "Радиои дарӣ". Оқои Пидром афзуд ки, таҳаррукоти гурӯҳҳои даҳшатафгон дар шимоли Афғонистон, маътӯф ба кашондани ҷанг ва бесаботӣ ба Осиёи марказӣ ва ҳавзаи ҳаёти Осиёӣ аст.Пештар Русия ва Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) низ дарбора афзоиши хатар “таҳдидоти террористӣ” дар шимоли Афғонистон алайҳи кишварҳои Осиёи марказӣ иброз нигаронӣ карда буданд. Чанде пеш оқои Латифи Пидром дар мусоҳиба бо “Independent” форсӣ гуфта буд, ки раҳбарони Афғонистон аксаран ба ин натиҷа расидаанд, ки танҳо роҳи мубориза бо (султаи) толибҳо низом федеролӣ аст. Вай бо баёни ғифлати 20-солаи ин раҳбарон, ба ин мавзӯъ ишора кард, ки онҳо дараки дуруст аз низоми федеролӣ надоранд ва танҳо касе, ки дар байни раҳбарон дараки шуъур ва илмии лозимро дорад Сарвар Дониш аст, ки дар бораи низоми федероли мақолоти илмӣ навишта аст.“Бо инки Дӯстум худро як федеролист муаррифӣ мекунад ва дар замони худ манобеъ ва имконоте, ки доштанд барои татбиқи федеролӣ ҳеҷ корӣ анҷом надоданд”, - гуфт ӯ дар бораи Моршол Дӯстум. Вай илова кард, ки қавмҳои мухталифи Афғонистон фақат дар як ҳолат метавонанд дар канори паштунҳо зиндагӣ кунанд ва он ҳам дар сурати ҳокимияти низом федеролӣ аст. Ёдоварӣ мекунем, ки гурӯҳи толибон дар 15 августи соли 2021 милодӣ дар як муомилаи пинҳонӣ ва печида бо Амрико як бори дигар бар Афғонистон чира шуд ва иқтисоди ин кишвар аз ҳам пошид ва миллионҳо нафар ин кишварро аз тарси ин гурӯҳ ва аз тарси бекорӣ ва гуруснагӣ тарк карданд.
https://sputnik.tj/20230320/izhorot-jadid-latif-pidrom-afghoniston-nizom-federali-1055628589.html
украина
афғонистон
амрико
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102295/63/1022956302_0:330:1724:1623_1920x0_80_0_0_bdc999c5b69f1901fc7f340621af2407.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
афғонистон, шимол, украина, ҷанг, амрико, нато, хатар, афзоиш
афғонистон, шимол, украина, ҷанг, амрико, нато, хатар, афзоиш
Пидром: Амрико ва НАТО мехоҳанд ҷангро аз Украина ба шимоли Афғонистон бикашанд
14:21 27.07.2023 (Навсозишуда: 16:47 27.07.2023) Раҳбари ҳизби кунгураи миллии Афғонистон гуфт, ки Амрико ва НАТО бо афзоиши хатари шикаст дар Украина мумкин аст ҷангро ба шимоли Афғонистон бикашанд
ДУШАНБЕ, 27 июл — Sputnik. Намояндаи пешини порлумони Афғонистон Абдуллатифи Пидроми дар саҳифаи твиттериаш навишт, ки бо афзоиши хатари шикасти Украина Амрико ва НАТО мумкин аст барои ноамнсозии Осиёи марказӣ ҷангро ба шимоли Афғонистони бикашонанд, иттилоъ додааст
"Радиои дарӣ".
Оқои Пидром афзуд ки, таҳаррукоти гурӯҳҳои даҳшатафгон дар шимоли Афғонистон, маътӯф ба кашондани ҷанг ва бесаботӣ ба Осиёи марказӣ ва ҳавзаи ҳаёти Осиёӣ аст.
Пештар Русия ва Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД) низ дарбора афзоиши хатар “таҳдидоти террористӣ” дар шимоли Афғонистон алайҳи кишварҳои Осиёи марказӣ иброз нигаронӣ карда буданд.
Чанде пеш оқои Латифи Пидром дар мусоҳиба бо “Independent” форсӣ гуфта буд, ки раҳбарони Афғонистон аксаран ба ин натиҷа расидаанд, ки танҳо роҳи мубориза бо (султаи) толибҳо низом федеролӣ аст.
Вай бо баёни ғифлати 20-солаи ин раҳбарон, ба ин мавзӯъ ишора кард, ки онҳо дараки дуруст аз низоми федеролӣ надоранд ва танҳо касе, ки дар байни раҳбарон дараки шуъур ва илмии лозимро дорад Сарвар Дониш аст, ки дар бораи низоми федероли мақолоти илмӣ навишта аст.
“Бо инки Дӯстум худро як федеролист муаррифӣ мекунад ва дар замони худ манобеъ ва имконоте, ки доштанд барои татбиқи федеролӣ ҳеҷ корӣ анҷом надоданд”, - гуфт ӯ дар бораи Моршол Дӯстум.
Вай илова кард, ки қавмҳои мухталифи Афғонистон фақат дар як ҳолат метавонанд дар канори паштунҳо зиндагӣ кунанд ва он ҳам дар сурати ҳокимияти низом федеролӣ аст.
Ёдоварӣ мекунем, ки гурӯҳи толибон дар 15 августи соли 2021 милодӣ дар як муомилаи пинҳонӣ ва печида бо Амрико як бори дигар бар Афғонистон чира шуд ва иқтисоди ин кишвар аз ҳам пошид ва миллионҳо нафар ин кишварро аз тарси ин гурӯҳ ва аз тарси бекорӣ ва гуруснагӣ тарк карданд.