https://sputnik.tj/20230726/tojikiston-fehrast-meros-umumibashari-peshnihod-1058448692.html
Тоҷикистон чиро ба феҳрасти мероси фарҳанги умумибашарӣ пешниҳод кард?
Тоҷикистон чиро ба феҳрасти мероси фарҳанги умумибашарӣ пешниҳод кард?
Sputnik Тоҷикистон
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон корҳо дар самти вориднамоии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ба Феҳристи мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО-ро ҷоннок кардааст
2023-07-26T11:48+0500
2023-07-26T11:48+0500
2023-07-26T11:49+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
ёдгорӣ
юнеско
вазир
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/18/1031632710_0:158:3001:1846_1920x0_80_0_0_8cedded460780cb9f11b734877356cd1.jpg
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Ёдгориҳои таърихию фарҳангии долони "Зарафшон-Қароқум" интизор меравад, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ ба рӯйхати асосии мероси фарҳанги ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шаванд. Дар ин бора вазири фарҳанги Тоҷикистон, Зулфия Давлатзода зимни ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи ниҳоди тобеяш иттилоъ дода, афзуд ёдгориҳои долон ба рӯйхати мероси умумибашарӣ зимни иҷлосияи навбатии ЮНЕСКО дар Арабистони Саудӣ шомил мешаванд. Ба иттилои Вазорат, ёдгориҳои долони "Зарафшон - Қароқум" 9 ададро ташкил медиҳанд. Вазир таъкид намуд, ки ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти Вазорати фарҳанг ба ҳисоб рафта, корҳо барои шомилсолӣ барои мероси фарҳанги умумибашарӣ ҷараён доранд. "Инчунин, то охири соли 2023 корҳои номинатсионии долони “Фарғона-Сирдарё” пурра ба анҷом расонида шуда, барои шомил намудани ёдгориҳои долони мазкур ба Рӯйхати пешакии мероси фарҳанги умумибашарӣ ирсол мегардад", - афзуд Вазорат. Ин ниҳод таъкид намуд, ки ҳамзамон, корҳо оид ба пешбурди номинатсияи “Ҳулбук-Хуттали қадим” аз ҷониби мутахассисони вазорат бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст.
https://sputnik.tj/20230714/bozdidi-sayyohi-khoriji-khatlon-1058254811.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/07/18/1031632710_164:0:2835:2003_1920x0_80_0_0_00be33aa5fab73fe5c1b00c3039fe9a3.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
ёдгорӣ, тоҷикистон, фарҳанг, умумибашарӣ, юнеско
ёдгорӣ, тоҷикистон, фарҳанг, умумибашарӣ, юнеско
Тоҷикистон чиро ба феҳрасти мероси фарҳанги умумибашарӣ пешниҳод кард?
11:48 26.07.2023 (Навсозишуда: 11:49 26.07.2023) Вазорати фарҳанги Тоҷикистон корҳо дар самти вориднамоии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ба Феҳристи мероси фарҳанги умумибашарии ЮНЕСКО-ро ҷоннок кардааст
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Ёдгориҳои таърихию фарҳангии долони "Зарафшон-Қароқум" интизор меравад, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ ба рӯйхати асосии мероси фарҳанги ҷаҳонии ЮНЕСКО ворид шаванд.
Дар ин бора вазири фарҳанги Тоҷикистон, Зулфия Давлатзода зимни ҷамъбасти фаъолияти шашмоҳаи ниҳоди тобеяш иттилоъ дода, афзуд ёдгориҳои долон ба рӯйхати мероси умумибашарӣ зимни иҷлосияи навбатии ЮНЕСКО дар Арабистони Саудӣ шомил мешаванд.
Ба иттилои Вазорат, ёдгориҳои долони "Зарафшон - Қароқум" 9 ададро ташкил медиҳанд.
Вазир таъкид намуд, ки ҳифз ва истифодаи мероси таърихию фарҳангӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти Вазорати фарҳанг ба ҳисоб рафта, корҳо барои шомилсолӣ барои мероси фарҳанги умумибашарӣ ҷараён доранд.
"Инчунин, то охири соли 2023 корҳои номинатсионии долони “Фарғона-Сирдарё” пурра ба анҷом расонида шуда, барои шомил намудани ёдгориҳои долони мазкур ба Рӯйхати пешакии мероси фарҳанги умумибашарӣ ирсол мегардад", - афзуд Вазорат.
Ин ниҳод таъкид намуд, ки ҳамзамон, корҳо оид ба пешбурди номинатсияи “Ҳулбук-Хуттали қадим” аз ҷониби мутахассисони вазорат бо ҷалби коршиносони байналмилалӣ дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст.