https://sputnik.tj/20230726/sharh-noib-rais-marg-yakbora-khojagi-manzili-1058452245.html
Такрор намешавад: Шарҳи ноиби раис дар бораи марги якбораи 7 корманди хоҷагию манзилӣ
Такрор намешавад: Шарҳи ноиби раис дар бораи марги якбораи 7 корманди хоҷагию манзилӣ
Sputnik Тоҷикистон
Масъулини КВД "Хоҷагии манзилию комуналӣ"-и Тоҷикистон мегӯянд, миёни 7 корманди фавтида дар Панҷакент аз ҷумла масъулини ин ҳодиса низ буданд
2023-07-26T15:30+0500
2023-07-26T15:30+0500
2023-07-26T20:37+0500
дар тоҷикистон
рӯйдод, ҷиноят ва ҳолатҳои фавқулода
ҳолат
панҷакент
садама
ҳалокат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102236/46/1022364621_0:131:2501:1537_1920x0_80_0_0_2534c136ddb1c59fa4adb867938e4198.jpg
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Ҷавобгари аслии марги фоҷиавии 7 корманди хоҷагию манзилию коммуналӣ дар Панҷакенет сардори қитъа ва сармуҳандиси онҳо буданд, изҳор дошт ноиби аввали раҳбари КВД “Хоҷагии манзилию комуналӣ”-и Тоҷикистон, Абдулазиз Достизода. Вай зимни нишасти хабарӣ ин фоҷиаро тавзеҳ дода, марги 7 кормандро натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми кор хонд. Достизода, аз ҷумла таъкид намуд, ки аз ҷониби сармуҳандис корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда нашудаанд. Мақомдор илова намуд, барои ёрии амалӣ дигар кормандон ва баъдан - роҳбар ба кӯмаки онҳо меравад, ки ҳамагӣ ҷон аз даст медиҳанд. Ӯ афзуд, ки баъди ин ҳодиса бо кормандон барои риояи қоидаҳои бехатарӣ корҳои фаҳмондидаҳӣ гузарониданд ва чанд корманде низ ҷазо гирифтанд. "Мо ваъда медиҳаем, ки дар оянда ба ин камбудиҳао роҳ намедиҳем", - гуфт ӯ. Ба иттилои Достизода, феълан аз ҷониби додситонии шаҳри Панҷакент тафтишот дар ин самт идома дорад. Маврид ба зикр аст, ки фоҷиаи маргбор моҳи майи соли равон рух дода, 7 нафар, ки дар Панҷакент ба таъмири хати партовоб машғул буданд, аз газ заҳролуд шуда, ба ҳалокат расидаанд.
https://sputnik.tj/20230726/tojikiston-aholi-bo-obi-nushoki-tamin-1058449736.html
панҷакент
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102236/46/1022364621_138:0:2361:1667_1920x0_80_0_0_c235486f90e192976bb667bd64c3dd8b.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
марг, корманд, панҷакент, ҷавобгар, масъул
марг, корманд, панҷакент, ҷавобгар, масъул
Такрор намешавад: Шарҳи ноиби раис дар бораи марги якбораи 7 корманди хоҷагию манзилӣ
15:30 26.07.2023 (Навсозишуда: 20:37 26.07.2023) Масъулини КВД "Хоҷагии манзилию комуналӣ"-и Тоҷикистон мегӯянд, миёни 7 корманди фавтида дар Панҷакент, аз ҷумла масъулини ин ҳодиса низ буданд
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Ҷавобгари аслии марги фоҷиавии 7 корманди хоҷагию манзилию коммуналӣ дар Панҷакенет сардори қитъа ва сармуҳандиси онҳо буданд, изҳор дошт ноиби аввали раҳбари КВД “Хоҷагии манзилию комуналӣ”-и Тоҷикистон, Абдулазиз Достизода.
Вай зимни нишасти хабарӣ ин фоҷиаро тавзеҳ дода, марги 7 кормандро натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми кор хонд.
Достизода, аз ҷумла таъкид намуд, ки аз ҷониби сармуҳандис корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронда нашудаанд.
"Якбора чор нафар ба чуқурии 6 метр барои таъмири насос фаромада, дар натиҷаи кушодани пайвастҳои "обратний клапан" аз хориҷшавии якбораи гази метан мефавтанд", - гуфт ӯ.
Мақомдор илова намуд, барои ёрии амалӣ дигар кормандон ва баъдан - роҳбар ба кӯмаки онҳо меравад, ки ҳамагӣ ҷон аз даст медиҳанд.
Ӯ афзуд, ки баъди ин ҳодиса бо кормандон барои риояи қоидаҳои бехатарӣ корҳои фаҳмондидаҳӣ гузарониданд ва чанд корманде низ ҷазо гирифтанд.
"Мо ваъда медиҳаем, ки дар оянда ба ин камбудиҳао роҳ намедиҳем", - гуфт ӯ.
Ба иттилои Достизода, феълан аз ҷониби додситонии шаҳри Панҷакент тафтишот дар ин самт идома дорад.
Маврид ба зикр аст, ки фоҷиаи маргбор моҳи майи соли равон рух дода, 7 нафар, ки дар Панҷакент ба таъмири хати партовоб машғул буданд, аз газ заҳролуд шуда, ба ҳалокат расидаанд.