https://sputnik.tj/20230726/davlatzoda-hamkori-farhang-rusiya-tahkim-1058451774.html
Давлатзода: Ҳамкориҳои фарҳангӣ бо Русия таҳким ёфта истодаанд
Давлатзода: Ҳамкориҳои фарҳангӣ бо Русия таҳким ёфта истодаанд
Sputnik Тоҷикистон
Вазири фарҳанги Тоҷикистон таъкид намуд, ки дар самти ҳамкориҳои фарҳангӣ бо Русия ягон мушкил ҷой надошта, сафарҳои тарафайни ҳунарӣ баргузор мешаванд
2023-07-26T14:30+0500
2023-07-26T14:30+0500
2023-07-26T14:30+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
русия
вазир
ҳамкорӣ
тақвият
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/07/1058151640_0:161:3067:1886_1920x0_80_0_0_a075321eb6e01451d614922797c60979.jpg
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Русия таҳким ёфта, миёни ду кишвар ҳеч мушкиле дар ин самт ҷой надорад. Ин нуктаро вазири фарҳанги Тоҷикистон, Зулфия Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ баён дошт. Вай изҳори боварӣ намуд, ки ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар минбаъд низ рушд хоҳанд кард. Ӯ зикр намуд, ки ҳунармандон аз Русия ба театрҳои тоҷик ҷалб шуда истодаанд ва мисол овард, ки айни ҳол дар Театри опера ва балет низ фаъолият доранд. Давлатзода инчунин аз Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон ёдовар шуда, афзуд, ки санъаткорони касбии ин кишвар ҳам дар Душанбе ва ҳам дар шаҳри Хуҷанд хеле хуб пазируфта шуданд. Дар мавриди сафарҳои хориҷии ҳунармандони тоҷик зикр намуд, ки дар нимсола ҳайати эҷодии Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский дар 25-умин Фестивали байналмилалии театрҳои русӣ "Встречи в Росии" дар шаҳри Санкт-Петербург иштирок карданд. Вазири фарҳанг дар мавриди бинои Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский изҳор дошт, ки ҷойи он аллакай муайян шудаасту интизор меравад, дар ҳамкорӣ бо як ширкати русиягӣ бунёди он низ рӯзҳои наздик оғоз гардад. Бинои қаблии театри Маяковскйи дар Душанбе соли 2016 тахриб шуда буд, ки мақомот сабаби онро ба талаботти театри муосир ҷавобгӯ набудани бино хонданд.
https://sputnik.tj/20230726/farhang-sokhtmon-teatri-millii-tojikiston-1058447144.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/07/1058151640_169:0:2898:2047_1920x0_80_0_0_5a8e2f83d94c25424af6b01d8ab2fb6a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мушкил, русия, вазири фарҳанг, тоҷикистон, сафар, ҳунар
мушкил, русия, вазири фарҳанг, тоҷикистон, сафар, ҳунар
Давлатзода: Ҳамкориҳои фарҳангӣ бо Русия таҳким ёфта истодаанд
Вазири фарҳанги Тоҷикистон таъкид намуд, ки дар самти ҳамкориҳои фарҳангӣ бо Русия ягон мушкил ҷой надошта, сафарҳои тарафайни ҳунарӣ баргузор мешаванд
ДУШАНБЕ, 26 июл — Sputnik. Ҳамкориҳои фарҳангии Тоҷикистону Русия таҳким ёфта, миёни ду кишвар ҳеч мушкиле дар ин самт ҷой надорад.
Ин нуктаро вазири фарҳанги Тоҷикистон, Зулфия Давлатзода зимни нишасти матбуотӣ баён дошт.
Вай изҳори боварӣ намуд, ки ҳамкориҳои фарҳангии ду кишвар минбаъд низ рушд хоҳанд кард. Ӯ зикр намуд, ки ҳунармандон аз Русия ба театрҳои тоҷик ҷалб шуда истодаанд ва мисол овард, ки айни ҳол дар Театри опера ва балет низ фаъолият доранд.
Давлатзода инчунин аз Рӯзҳои фарҳанги Русия дар Тоҷикистон ёдовар шуда, афзуд, ки санъаткорони касбии ин кишвар ҳам дар Душанбе ва ҳам дар шаҳри Хуҷанд хеле хуб пазируфта шуданд.
Дар мавриди сафарҳои хориҷии ҳунармандони тоҷик зикр намуд, ки дар нимсола ҳайати эҷодии Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский дар 25-умин Фестивали байналмилалии театрҳои русӣ "Встречи в Росии" дар шаҳри Санкт-Петербург иштирок карданд.
Вазири фарҳанг дар мавриди бинои Театри давлатии драмавии русии ба номи Владимир Маяковский изҳор дошт, ки ҷойи он аллакай муайян шудаасту интизор меравад, дар ҳамкорӣ бо як ширкати русиягӣ бунёди он низ рӯзҳои наздик оғоз гардад.
Бинои қаблии театри Маяковскйи дар Душанбе соли 2016 тахриб шуда буд, ки мақомот сабаби онро ба талаботти театри муосир ҷавобгӯ набудани бино хонданд.