Бонки Авруосиёи Рушд ба лоиҳаҳои иқтисодии кишвар бештар сармоягузорӣ мекунад

© Вазорати рушди иқтисод ва савдои ТоҷикистонВазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқи Завқизода ва муовини раиси Бонки АвруОсиёи Рушд Денис Илин
Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқи Завқизода ва муовини раиси Бонки АвруОсиёи Рушд Денис Илин   - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.07.2023
Обуна шудан
Бонки АвруОсиёи Рушд ахиран эълон кард, ки сандуқи сармоягузориашро дар Тоҷикистон то ба 3% то охири соли ҷорӣ афзоиш медиҳанд
ДУШАНБЕ, 26 июл – Sputnik. Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқи Завқизода дар мулоқот бо муовини раиси Бонки АвруОсиёии Рушд Денис Илин масъалаи ҷоннок кардани ҳамкории сармоягузориро муҳокима намуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон хбар додааст.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва БАОР, ҷалби маблағҳои имтиёзнок вобаста ба таъсири омилҳои берунӣ, лоиҳаҳои нави афзалиятнок дар асоси ҳадафҳои рушди кишвар ва дурнамои ҳамкориҳои миёнамуҳлат баррасӣ шуданд.
Завқи Завқизода аз муовини Раиси БАОР дархост кард, ки маблағгузориҳо ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон барои ноил гардидан ба ҳадафу афзалиятҳои стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ, аз ҷумла саноатикунонӣ, энергетика, тақвияти иқтидори содиротӣ, рушди иқтисоди сабз ва рақамӣ зиёд карда шаванд.
Ҷаласаи 10-уми Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ байни  Тоҷикистон ва Ӯзбекистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.05.2023
Аз иқтисод то фарҳангу тандурустӣ: Расулзода бо Орипов дар Тошканд чиро баррасӣ карданд
Муовини раиси Бонки АвруОсиёии Рушд омодагии худро барои зиёд намудани маблағгузории лоиҳаҳо дар самтҳои қайдгардида баён намуд.
Вай таъкид кард, ки сандуқи сармоягузории Бонкро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то 3 фоизи ҳаҷми умумии сандуқи сармоягузории Бонк то охири соли ҷорӣ афзоиш медиҳанд.
Қайд бояд кард, ки то имрӯз аз ҷониби БАОР ва сохторҳои он 13 лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи умумии 266,4 млн. доллар, аз ҷумла 7 лоиҳаҳои грантию имтиёзноки Хазинаи АвруОсиёии Устуворӣ ва Рушди БАОР ба маблағи 215 млн. доллар ва 6 лоиҳаи худи Бонк ба маблағи 51,4 млн. доллар дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон амалӣ карда шуданд.
Лентаи хабарҳо
0