Шаҳрвандони кадом кишвар бештар ба Тоҷикистон меоянд?

Обуна шудан
Ожонси омори Тоҷикистон теъдоди шаҳрвандони хориҷиеро эълон кардааст, ки дар давоми шаш моҳи аввали соли равон аз ҷумҳурӣ боздид кардаанд
Аксари боздидкунандаҳои хориҷӣ аз Тоҷикистон шаҳрвандони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил будаанд.
Ба иттилои Агентии омори Тоҷикистон, дар нимсолаи аввали соли равон аз ҳама зиёд ба ҷумҳурӣ шаҳрвандони Ӯзбекистон омадаанд, ки шумораашон наздик ба 413 ҳазор нафарро ташкил додаст.
Дар ҷои дувум Русия қарор гирифтааст, ки беш аз 151 ҳазор шаҳрвандаш дар шашмоҳа аз Тоҷикистон дидан кардаанд.
Сайёҳони рус барои истироҳат Тоҷикистонро интихоб мекунанд
Ҳамчунин ба сегонаи аввал Қазоқистон дохил шудааст, ки 15,5 ҳазор шаҳрвандаш аз Тоҷикистон дидан намудаанд.
Тибқи маълумоти Агентии омор, Тоҷикистон ҳамчунин дар байни сокинони кишварҳои ҳамсоя, ки ба блокҳои пасошӯравӣ шомил нестанд, низ маъруф аст.
Масалан, 8,6 ҳазор шаҳрванди Чин ва 2,4 ҳазор афғонистонӣ давоми шашмоҳа аз Тоҷикистон боздид кардаанд.
Ҳамчунин 5,3 ҳазор сокини Туркия низ тавонистаанд дар ним сол ба ин кишвар сафар кунанд.
Лентаи хабарҳо
0