Патрушев аз паёмадҳои эҳтимолии ҷанги таҳримӣ алайҳи Русия гуфт

© Sputnik / Арам Нерсесян / Гузариш ба медиабонкСекретарь Совбеза РФ Николай Патрушев
Секретарь Совбеза РФ Николай Патрушев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.07.2023
Обуна шудан
Дабири Шӯрои амнияти Русия ахиран дар як мусоҳиба гуфт, ки ҷанги таҳримӣ бар зидди Русия метавонад ба фалокати ҷаҳонии озуқа расонад
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Дабири Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев дар мусоҳиба бо нашрияи “Российская газета” гуфт, ки ҷанги таҳримӣ алайҳи Русия фалокат барои бахши ҷаҳонии ғизо таҳдид мекунад.
Ба гуфтаи Патрушев, тибқи арзёбии СММ, дар ҷаҳон камбуди шадиди маводи ғизоӣ вуҷуд надорад.
Бо вуҷуди ин, вай афзуд, "вазъият бо ҷанги бесобиқаи таҳримӣ алайҳи Русия, ки таҳдиди паёмадҳои фалокатбор барои бахши ҷаҳонии ғизо дорад, бадтар мешавад."
Тавре котиби Шӯрои амнияти Русия қайд кард, чораҳои фишорбиёрӣ ба иқтисод алайҳи Русия "ба номутаносибии бозори байналмилалии озуқа оварда, бахусус тағйирёбии назарраси нархҳоро барангехт".
Секретарь Совета безопасности РФ Николай Патрушев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.07.2023
Патрушев: қатъи ҳукмфармоии ИМА ба суди кишварҳои мустақил аст
Дабири Шӯрои амнияти Русия гуфт, "барқарор кардани фаъолияти муътадили занҷирҳои таъминот ва ҳалли дигар вазифаҳои марбут ба таъмини амнияти ҷаҳонии ғизо то аз байн рафтани монеаҳои ғайриқонунӣ аз ҷониби Ғарб, ки ба таври сунъӣ эҷодшуда аст ва ширкатҳои иқтисодии Русия бо онҳо рӯбарӯ мешаванд, имконнопазир аст".
Вай аз ҷумлаи чунин монеаҳо, маҳдудиятҳои тиҷоратӣ, мамнӯъияти вуруди киштиҳои Русия ба бандарҳои Аврупо, мавҷуд набудани суғурта ва молиро ном бурд.
Лентаи хабарҳо
0