https://sputnik.tj/20230725/nohiyai-shughnon-prokurori-tayin-shud-1058441374.html
Дар ноҳияи Шуғнон прокурори нав таъйин шуд: Ӯ кист?
Дар ноҳияи Шуғнон прокурори нав таъйин шуд: Ӯ кист?
Sputnik Тоҷикистон
Додситони ВМКБ дар ҷаласаи ахир бо фаъолони ноҳияи Шуғнон прокурори навтаъйини ин ноҳияро ба ҷамъомадагон муаррифӣ кард
2023-07-25T20:00+0500
2023-07-25T20:00+0500
2023-07-25T20:16+0500
дар тоҷикистон
шуғнон
прокурор
додситон
муаррифӣ
вмкб
таъйиноти кадрӣ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/19/1058441506_0:203:720:608_1920x0_80_0_0_b1f64393e69434f7c733319eda63e6f7.jpg
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Ахиран прокурори ВМКБ Назарзода Авазҷон Нарзуллоҷон дар дидор бо фаъолони ноҳияи Шуғнон додситони навтаъиншудаи ин ноҳия Тоҳирзода Шаҳбозро ба ҷамъомадагон муаррифӣ кард.Дар ин бора дафтари матбуоти мақомоти ноҳияи Шуғнон хабар додааст. Ҳамзамон, дар ин ҷамъомад прокурори вилоят зимни суханрониаш иброз доштааст, ки Паёми президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ ҳуҷҷати рӯимизии ҳар як корманди ин мақомот буда, дар он сиёсати дохилию хориҷии кишвар ба риштаи таҳлил кашида шудааст.Вай ҳамчунин аз амалӣ гаштани барномаҳо, рушди соҳаҳои маорифу фарҳанг, саноату сайёҳӣ ҳарф зада, диққати ҳамагонро ба риояи қонунҳои “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон ” ҷалб кард.Прокурори вилоят, хусусан дар бораи ҷинояту ҷинояткорӣ, терроризму экстремизм ва шомил шудани ҷавонони ноогоҳ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ибрози назар кард. Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раисҷумҳури кишвар дар мақомоти суд, Прокуратура, Вазорати мудофиа ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди президент аз ҳисоби кадрҳои ҷавону соҳибтаҷриба тағйирот ворид кард.Президент гуфтааст, ки зимни интихоб ба вазифаҳои роҳбарикунанда ба сатҳи баланди касбӣ, садоқату поквиҷдонӣ ва донишҳои замонавии кадрҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд."Бояд ҳар яки Шумо зимни адои вазифа ва масъулияти ба дӯш дошта бояд манфиатҳои давлату миллатро аз ҳама боло гузошта, дар хизмати мардум бошед”, - афзуд кишвардор.Сарвари давлат дар назди кадрҳои таъингардида дар баробари донишҳои тахассусӣ донистани ду забони хориҷиро дар шароити кунунӣ амри ҳатмӣ шуморид.
https://sputnik.tj/20230718/taghyiroti-kadr-markaz-islomshinosi-rahmon-barkanor-tayin-1058324913.html
шуғнон
вмкб
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/19/1058441506_0:135:720:675_1920x0_80_0_0_7e190ef097f8f898c815547391093ced.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, шуғнон, прокурор, додситон, таъйин, вмкб, таъйин, муаррифӣ
тоҷикистон, шуғнон, прокурор, додситон, таъйин, вмкб, таъйин, муаррифӣ
Дар ноҳияи Шуғнон прокурори нав таъйин шуд: Ӯ кист?
20:00 25.07.2023 (Навсозишуда: 20:16 25.07.2023) Додситони ВМКБ дар ҷаласаи ахир бо фаъолони ноҳияи Шуғнон прокурори навтаъйини ин ноҳияро ба ҷамъомадагон муаррифӣ кард
ДУШАНБЕ, 25 июл — Sputnik. Ахиран прокурори ВМКБ Назарзода Авазҷон Нарзуллоҷон дар дидор бо фаъолони ноҳияи Шуғнон додситони навтаъиншудаи ин ноҳия Тоҳирзода Шаҳбозро ба ҷамъомадагон муаррифӣ кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти мақомоти ноҳияи Шуғнон хабар додааст.
Ҳамзамон, дар ин ҷамъомад прокурори вилоят зимни суханрониаш иброз доштааст, ки Паёми президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ ҳуҷҷати рӯимизии ҳар як корманди ин мақомот буда, дар он сиёсати дохилию хориҷии кишвар ба риштаи таҳлил кашида шудааст.
Вай ҳамчунин аз амалӣ гаштани барномаҳо, рушди соҳаҳои маорифу фарҳанг, саноату сайёҳӣ ҳарф зада, диққати ҳамагонро ба риояи қонунҳои “Масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон ” ҷалб кард.
Прокурори вилоят, хусусан дар бораи ҷинояту ҷинояткорӣ, терроризму экстремизм ва шомил шудани ҷавонони ноогоҳ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ибрози назар кард.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раисҷумҳури кишвар дар мақомоти суд, Прокуратура, Вазорати мудофиа ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди президент аз ҳисоби кадрҳои ҷавону соҳибтаҷриба тағйирот ворид кард.
Президент гуфтааст, ки зимни интихоб ба вазифаҳои роҳбарикунанда ба сатҳи баланди касбӣ, садоқату поквиҷдонӣ ва донишҳои замонавии кадрҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
"Бояд ҳар яки Шумо зимни адои вазифа ва масъулияти ба дӯш дошта бояд манфиатҳои давлату миллатро аз ҳама боло гузошта, дар хизмати мардум бошед”, - афзуд кишвардор.
Сарвари давлат дар назди кадрҳои таъингардида дар баробари донишҳои тахассусӣ донистани ду забони хориҷиро дар шароити кунунӣ амри ҳатмӣ шуморид.