https://sputnik.tj/20230724/tolibho-amriko-hukumat-rasmiyat-shinosed-1058421836.html
Толибҳо: Кишварҳое, ки пеши Амрико сар хам намекунанд, ҳукумати феълиро ба расмият шиносед
Толибҳо: Кишварҳое, ки пеши Амрико сар хам намекунанд, ҳукумати феълиро ба расмият шиносед
Sputnik Тоҷикистон
Вазири дифои толибҳо ахиран аз кишварҳои мустақил ва исломӣ хост то ҳукумати ин гурӯҳро ба Афғонистон ба расмият бишносанд
2023-07-24T16:30+0500
2023-07-24T16:30+0500
2023-07-24T16:30+0500
афғонистон
осиёи марказӣ
ҳукумат
толибон
вазири дифоъ
амрико
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/19/1047939271_0:0:1920:1080_1920x0_80_0_0_c84d6f2e8dfbd05399f830500aa11bcd.jpg
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Вазири дифои гурӯҳи толибҳо Муҳаммадёқуб Муҷоҳид фишорҳои Амрикоро муҳимтарин монеъ ба расмияти шинохта шудани ҳайати ҳокима Афғонистон хонд.Вай гуфт, аз кишварҳои мустақил ки дар баробари фишори Амрикои сар хам намекунанд хост то давлати Кобулро ба расмият бишносанд.Муҳаммадёқуб Муҷоҳид қайд кард, ки ҳукумати толибони тамоми шароит ба расмияти шинохта шуданро баровард кардааст, аммо бештари кишварҳо ба далели фишори Амрико аз ба расмият шинохтан он худдорӣ мекунанд.Вазири дифои толибҳо тасреҳ кард, ки агар бархе кишварҳо нигарониҳое дар бораи Афғонистон доранд, Кобул омодаи гуфтугӯ барои ҳали ин нигарониҳост.Пеш аз ин низ Забеҳуллоҳ Муҷоҳид сухангӯи ҳукумати толибҳо Амрикоро бузургтарин монеъ барои ба расмият шинохтани ҳукумати Афғонистони дониста ва гуфта буд, ки Амрико ба дигар кишварҳо иҷоза намедиҳад дар масир ба расмият шинохтан мо ҳаракат кунанд.Ёдовар мешавем, толибҳо ҳукумат дар Афғонистонро нимаи моҳи августи соли 2021 ғасб карда, аз ташкили иморати исломӣ хабар доданд.Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳукуматдорони ҷадиди Афғонистон талаб дорад, ки ҳукумати ҳамашумул ташкил кунанду ба ҳуқуқи башар, аз ҷумла ҳаққи занон ба таҳсилу кор эҳтиром қоил шаванд, ки ба гуфтаи таҳлилгарон то ҳол амалӣ нашудааст.
https://sputnik.tj/20230720/rahmon-tojikiston-jonibdor-hall-musolimatomez-vaz-afghoniston-1058359237.html
афғонистон
толибон
амрико
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/19/1047939271_217:0:1657:1080_1920x0_80_0_0_1a2e9850187c4da4e99d0fafe972a306.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, толибҳо, амрико, има, расмият, шинохтан, ҳукумат, исломӣ
тоҷикистон, толибҳо, амрико, има, расмият, шинохтан, ҳукумат, исломӣ
Толибҳо: Кишварҳое, ки пеши Амрико сар хам намекунанд, ҳукумати феълиро ба расмият шиносед
Вазири дифои толибҳо ахиран аз кишварҳои мустақил ва исломӣ хост то ҳукумати ин гурӯҳро ба Афғонистон ба расмият бишносанд
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Вазири дифои гурӯҳи толибҳо Муҳаммадёқуб Муҷоҳид фишорҳои Амрикоро муҳимтарин монеъ ба расмияти шинохта шудани ҳайати ҳокима Афғонистон хонд.
Вай гуфт, аз кишварҳои мустақил ки дар баробари фишори Амрикои сар хам намекунанд хост то давлати Кобулро ба расмият бишносанд.
Муҳаммадёқуб Муҷоҳид қайд кард, ки ҳукумати толибони тамоми шароит ба расмияти шинохта шуданро баровард кардааст, аммо бештари кишварҳо ба далели фишори Амрико аз ба расмият шинохтан он худдорӣ мекунанд.
Вазири дифои толибҳо тасреҳ кард, ки агар бархе кишварҳо нигарониҳое дар бораи Афғонистон доранд, Кобул омодаи гуфтугӯ барои ҳали ин нигарониҳост.
Пеш аз ин низ Забеҳуллоҳ Муҷоҳид сухангӯи ҳукумати толибҳо Амрикоро бузургтарин монеъ барои ба расмият шинохтани ҳукумати Афғонистони дониста ва гуфта буд, ки Амрико ба дигар кишварҳо иҷоза намедиҳад дар масир ба расмият шинохтан мо ҳаракат кунанд.
Ёдовар мешавем, толибҳо ҳукумат дар Афғонистонро нимаи моҳи августи соли 2021 ғасб карда, аз ташкили иморати исломӣ хабар доданд.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳукуматдорони ҷадиди Афғонистон талаб дорад, ки ҳукумати ҳамашумул ташкил кунанду ба ҳуқуқи башар, аз ҷумла ҳаққи занон ба таҳсилу кор эҳтиром қоил шаванд, ки ба гуфтаи таҳлилгарон то ҳол амалӣ нашудааст.