https://sputnik.tj/20230724/sabt-shumora-rekordi-varzishkoron-bozi-osiyo-1058421520.html
Сабти шумораи рекордии варзишкорон дар Бозиҳои Осиё
Сабти шумораи рекордии варзишкорон дар Бозиҳои Осиё
Sputnik Тоҷикистон
Дар барномаи Бозиҳои Осиё дар соли равон, ки дар Чин баргузор мешавад, 40 намуди варзиш, 61 ришта ва 483 мусобиқа шомил гардидааст
2023-07-24T15:55+0500
2023-07-24T15:55+0500
2023-07-24T15:55+0500
дар ҷаҳон
варзишгар
варзишгарони тоҷик
кумитаи миллии олимпии ҷт
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102648/05/1026480558_0:0:1001:563_1920x0_80_0_0_3c49ab49e7cd16462e8e23b39428a8c9.jpg
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Дар 19ум Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу шумораи рекордии варзишгарон аз кишварҳои мухталифи минтақа ширкат хоҳанд кард, иттилоъ дод дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон. Ин манбаъ аз қавли кумита тадорукоти бозиҳо хабар дод, ки 45 кумитаи миллии олимпии (КМО) узви Шӯрои олимпии Осиё беш аз 12500 варзишгарро барои иштирок дар 19-ум Бозиҳои Осиё ба қайд гирифтаанд. Дар ин бозиҳо, ки аз 23 сентябр то 8 октябр баргузор мешавад, аз ҷумла Тоҷикистонро беш аз 100 варзишгар намояндагӣ мекунанд, афзуд Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ. Зикр гардидаст, ки рекорди қаблӣ дар 18-ум Бозиҳои Осиё дар соли 2018 дар Ҷакарта ва Палембанги Индонезия сабт шуда буд, ки дар он 11,3 ҳазор варзишгар иштирок дошт. "Ба барномаи Бозиҳои Осиёи имсола 40 намуди варзиш, 61 ришта ва 483 мусобиқа шомил гардидааст. Мусобиқаҳо дар 54 макони мусобиқа дар Ҳангжоу ва панҷ шаҳри музофоти Чжэтсзян баргузор мешавад", - омадааст дар иттилоия. Таъкид шудааст, ки ҳайати тимҳои 6 кумитаи миллии олимпӣ, аз ҷумла Чин, Тайланд, Ҷопон, Ҷумҳурии Корея, Ҳиндустон ва Ҳонконг аз 600 варзишгар зиёдтар аст.Аз ҷумла дар варзиши сабук варзишгарони 43 КМО ширкат хоҳанд кард. Варзише, ки шумораи бештари варзишгаронро фаро гирифтааст, футбол мебошад, афзуд манбаъ. Зикр гардидаст, ки аввалин Бозиҳои Осиё соли 1951 дар Деҳлии Ҳиндустон баргузор шуда буд, ки дар он 11 КМО бо 489 варзишгар ширкат карда буданд.
https://sputnik.tj/20230724/piruzii-istiqlol-bar-pakhtakor-dar-toshkand-1058421049.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/102648/05/1026480558_84:0:861:583_1920x0_80_0_0_0541294765e78497ea6c5204827810ef.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
бозиҳои осиё, варзишкор, тоҷик, намоянда, иштирок
бозиҳои осиё, варзишкор, тоҷик, намоянда, иштирок
Сабти шумораи рекордии варзишкорон дар Бозиҳои Осиё
Дар барномаи Бозиҳои Осиё дар соли равон, ки дар Чин баргузор мешавад, 40 намуди варзиш, 61 ришта ва 483 мусобиқа шомил гардидааст
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Дар 19ум Бозиҳои Осиё дар Ҳангжоу шумораи рекордии варзишгарон аз кишварҳои мухталифи минтақа ширкат хоҳанд кард, иттилоъ дод дафтари матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон.
Ин манбаъ аз қавли кумита тадорукоти бозиҳо хабар дод, ки 45 кумитаи миллии олимпии (КМО) узви Шӯрои олимпии Осиё беш аз 12500 варзишгарро барои иштирок дар 19-ум Бозиҳои Осиё ба қайд гирифтаанд.
Дар ин бозиҳо, ки аз 23 сентябр то 8 октябр баргузор мешавад, аз ҷумла Тоҷикистонро беш аз 100 варзишгар намояндагӣ мекунанд, афзуд Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ.
Зикр гардидаст, ки рекорди қаблӣ дар 18-ум Бозиҳои Осиё дар соли 2018 дар Ҷакарта ва Палембанги Индонезия сабт шуда буд, ки дар он 11,3 ҳазор варзишгар иштирок дошт.
"Ба барномаи Бозиҳои Осиёи имсола 40 намуди варзиш, 61 ришта ва 483 мусобиқа шомил гардидааст. Мусобиқаҳо дар 54 макони мусобиқа дар Ҳангжоу ва панҷ шаҳри музофоти Чжэтсзян баргузор мешавад", - омадааст дар иттилоия.
Таъкид шудааст, ки ҳайати тимҳои 6 кумитаи миллии олимпӣ, аз ҷумла Чин, Тайланд, Ҷопон, Ҷумҳурии Корея, Ҳиндустон ва Ҳонконг аз 600 варзишгар зиёдтар аст.
Аз ҷумла дар варзиши сабук варзишгарони 43 КМО ширкат хоҳанд кард. Варзише, ки шумораи бештари варзишгаронро фаро гирифтааст, футбол мебошад, афзуд манбаъ.
Зикр гардидаст, ки аввалин Бозиҳои Осиё соли 1951 дар Деҳлии Ҳиндустон баргузор шуда буд, ки дар он 11 КМО бо 489 варзишгар ширкат карда буданд.