https://sputnik.tj/20230724/oghoz-jashnvora-bomi-jahon-khorugh-1058415629.html
Оғози ҷашнвораи "Боми ҷаҳон" дар Хоруғ
Оғози ҷашнвораи "Боми ҷаҳон" дар Хоруғ
Sputnik Тоҷикистон
Дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 16-умин фестивали Боми Ҷаҳон оғоз гардид, ки намояндагони кишварҳои мухталифро гирди ҳам овард
2023-07-24T11:00+0500
2023-07-24T11:00+0500
2023-07-24T11:01+0500
дар тоҷикистон
фарҳанг
ҷашнвораи "боми ҷаҳон"
хоруғ
оғоз
тобистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/18/1031781616_0:0:3082:1734_1920x0_80_0_0_d9321a1bdd1e9b912374c3b80738e158.jpg
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Дар боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Хоруғ бо мақсади муаррифӣ намудани фарҳанги бойи давлатҳои ҷаҳон фестивали "Боми Чаҳон" оғоз гардид. Дар ин бора дафтари матбуоти шаҳрдории Хоруғ иттилоъ дода, афзуд, ки ҷашнвораи мазкур чанд рӯз идома хоҳад дошт. Ба иттилои шаҳрдорӣ, соли равон низ ҳунармандони давлатҳои дӯсту хамсоя бо ҳунари волои худ дар фестивали "Боми ҷаҳон" фаъолона иштирок доранд. Таъкид шудааст, ки дар расми оғози фестива намояндагони ҳукумати вилояту шаҳр ва дипломатҳои кишварҳои хориҷӣ низ ширкат доштанд. Дар Фестивали Боми Чаҳон муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон , муовини раиси шаҳри Хоруғ ва дигар шахсони расмӣ ширкат намуданд.Муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Абдулназарзода Абдулназар меҳмонони дохиливу хориҷиро хайрмақдам гуфта, афзуд, ки фестивали Боми Чаҳон маротибаи 16-ум дар боғи фарҳангӣ фароғатии шаҳри Хоруғ баргузор гардида истодааст. "Баргузории ин фестивали сатҳи ҷаҳонӣ ба муаррифии фарҳанги давлатҳо мусоидати хубе дорад. Зеро фарҳанги кишварҳои дунё сарҳад надошта, метавонад тамоми мардумони чаҳонро ба худ муттаҳид намояд", - изҳор доштаст ӯ. Мақомот мегӯянд, баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи баланд дар ҳудуди шаҳри Хоруғ пеш аз ҳама ба муаррифии фарҳанги бойу ва ғании бошандагони Боми ҷаҳон ба ҷаҳонгардон мебошад. Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола дар мавсими тобистон воридшавии сайёҳон ба шаҳри Хоруғ нисбатан зиёд шуда, барои рушди иқтисодиву иҷтимоии маскунони вилоят мусоидат мекунад.
https://sputnik.tj/20230712/hunarnamoi-ansambl-qafqoz-rusiya-khujand-video-1058217990.html
хоруғ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e4/08/18/1031781616_0:0:2732:2048_1920x0_80_0_0_65a42994acafdfa54e90a9a804a485b2.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
фестивал, боми ҷаҳон, оғоз, вмкб
фестивал, боми ҷаҳон, оғоз, вмкб
Оғози ҷашнвораи "Боми ҷаҳон" дар Хоруғ
11:00 24.07.2023 (Навсозишуда: 11:01 24.07.2023) Дар маркази маъмурии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон 16-умин фестивали Боми Ҷаҳон оғоз гардид, ки намояндагони кишварҳои мухталифро гирди ҳам овард
ДУШАНБЕ, 24 июл — Sputnik. Дар боғи фарҳангию фароғатии шаҳри Хоруғ бо мақсади муаррифӣ намудани фарҳанги бойи давлатҳои ҷаҳон фестивали "Боми Чаҳон" оғоз гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти шаҳрдории Хоруғ иттилоъ дода, афзуд, ки ҷашнвораи мазкур чанд рӯз идома хоҳад дошт.
Ба иттилои шаҳрдорӣ, соли равон низ ҳунармандони давлатҳои дӯсту хамсоя бо ҳунари волои худ дар фестивали "Боми ҷаҳон" фаъолона иштирок доранд.
Таъкид шудааст, ки дар расми оғози фестива намояндагони ҳукумати вилояту шаҳр ва дипломатҳои кишварҳои хориҷӣ низ ширкат доштанд.
Дар Фестивали Боми Чаҳон муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон , муовини раиси шаҳри Хоруғ ва дигар шахсони расмӣ ширкат намуданд.
Муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Абдулназарзода Абдулназар меҳмонони дохиливу хориҷиро хайрмақдам гуфта, афзуд, ки фестивали Боми Чаҳон маротибаи 16-ум дар боғи фарҳангӣ фароғатии шаҳри Хоруғ баргузор гардида истодааст.
"Баргузории ин фестивали сатҳи ҷаҳонӣ ба муаррифии фарҳанги давлатҳо мусоидати хубе дорад. Зеро фарҳанги кишварҳои дунё сарҳад надошта, метавонад тамоми мардумони чаҳонро ба худ муттаҳид намояд", - изҳор доштаст ӯ.
Мақомот мегӯянд, баргузории чунин чорабиниҳои сатҳи баланд дар ҳудуди шаҳри Хоруғ пеш аз ҳама ба муаррифии фарҳанги бойу ва ғании бошандагони Боми ҷаҳон ба ҷаҳонгардон мебошад.
Маврид ба зикр аст, ки ҳамасола дар мавсими тобистон воридшавии сайёҳон ба шаҳри Хоруғ нисбатан зиёд шуда, барои рушди иқтисодиву иҷтимоии маскунони вилоят мусоидат мекунад.