Сафари тими футсоли Афғонистон ба Тоҷикистон

© Sputnik / Павел БедняковМяч на игровом поле.
Мяч на игровом поле. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2023
Обуна шудан
Тими миллии футсоли Афғонистон барои ширкат дар нахустин давраи рақобатҳои қаҳрамонии КАФА роҳи Тоҷикистон шуд
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik.Федератсияи футболи Афғонистон эълом кард тими миллии футсоли ин кишвар пас аз поёни давраи тамрини дар Эрон рӯзи 22 июл барои ширкат дар нахустин давраи рақобатҳои қаҳрамонии футсоли Осиёи Марказӣ роҳи Тоҷикистон шудааст.
Нахустин мусобиқаи тими миллии футсоли Афғонистон рузи якшанбе фардо баробари Қирғизистон аст.
Ҳудуди 130 варзишгари тоҷик дар Бозиҳои II ИДМ ширкат хоҳанд кард
Гуфта мешавад, дар рақобатҳои футсоли КАФА тимҳои Афғонистон, Эрон, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Туркманистон ҳузур доранд.
Ин рақобатҳо дар ду гуруҳи се тими баргузор мешавад ки дар гуруҳи А тимҳои Тайланд, Миянмар ва ҷазираҳои Сулаймон бо ҳам рақобат мекунанд ва дар гуруҳи В тимҳои Афғонистон, Ҷумҳурии Чехия ва Мозамбик ба масофи ҳам мераванд.
Футсол навъе бозии футбол, ки дар толорҳои сарпӯшида байни ду тими панҷнафарӣ баргузор мегардад.
Лентаи хабарҳо
0