Мактабхонҳои тоҷик ғолиби озмун дар "Артек" шуданд

© Фото : РоссотрудничествоТаджикские школьники в лагере "Артек"
Таджикские школьники в лагере Артек - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2023
Обуна шудан
Кӯдакон кӯҳҳои Урал, Карелия, кӯли Байкал, космодроми Восточнийро тамошо мекунанд ва инчунин дар барномаи таълимӣ ва фарҳангӣ иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Наврасони тоҷик дар лагери бачагонаи "Артек" ғолиби озмуни умумироссиягии "Танаффуси калон" гардиданд.
Дар озмун қариб ҳазор кӯдак аз беш аз 30 кишвари ҷаҳон гирди ҳам омаданд.
Дар мусобиқаи байналмилалӣ 12 навраси тоҷик аз шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода ва Хуҷанд ширкат карданд. Се нафари онҳо дар категорияҳои худ ғолиб шуданд.
Бачаҳоро "Сайёҳати орзуҳо" аз шаҳри Санкт-Петербург то Владивосток ва баръакс дар пеш аст.
Дар рафти саёҳат бачаҳо куҳҳои Урал, Карелия, кули Байкал, космодроми Восточнийро тамошо карда, инчунин дар барномаи маърифатию фарҳангӣ иштирок мекунанд.
Барандаи Олимпиадаи забони русӣ аз Норак - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.07.2023
Ду хонандаи тоҷик баъд аз пирӯзӣ дар олимпиадаи забони русӣ ба “Артек”-и Сочӣ рафтанд
Қаблан дар бораи ду духтари мактабхон аз вилояти Хатлон хабар дода шуда буд, ки дар олимпиадаҳои забони русӣ ғолиб омада, ба унвони мукофот барои таътили тобистона ба "Артек" сафарбар шуданд.
"Артек" дар замони шӯравӣ яке аз калонтарин ва бонуфузтарин марокизи фароғатии мактаббачагон маҳсуб мешуд, ки ҳамасола ҳазорон кӯдак, умдатан аълохонро дар он ҷамъ меовард.
Соли равон "Артек" хонандаҳо аз ҷумла аз Олмон, Шветсия, Испания, Канада, Полша, Исроил, Лубнон, Сурия, Миср, Муғулистон, Сербистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Арманистон, Ӯзбекистон, Беларус, Фаронса, Финляндия ва 90 минтақаи худи Русия ба ҳам овард.
Лентаи хабарҳо
0