Лукашенко хостори таҳияи нақшаи ягонаи рушди Давлати иттиҳодӣ шуд

© Sputnik / Алексей Даничев / Гузариш ба медиабонкПрезидент Беларуси Александр Лукашенко
Президент Беларуси Александр Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.07.2023
Обуна шудан
Лукашенко аз таҳкими барномаҳои ҳамкории Русия ва Беларус дар бахшҳои микроэлектроника, кайҳон ва кишоварзӣ ёдовар шуда, гуфт дарҳо бозанд
ДУШАНБЕ, 23 июл — Sputnik. Раисиҷумҳури Беларус Александр Лукашенко ба ҳамтои русиягии худ Владимир Путин пешниҳод кардааст, ки ҳукуматҳои ду кишвар тарҳи муштараки рушди иқтисодиро таҳия кунанд.
"Ман моҳиятро барои худ навиштам - такя ба қувваҳои худ. Мо ба касе хам намешавем, мағз ҳаст, захираҳо беш аз ҳаданд", - гуфт раҳбари Беларус.
Вай таъкид кард, ки кишварҳо аллакай ба кор дар ин самт шурӯъ кардаанд ва аз барномаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои микроэлектроника, кайҳон ва кишоварзӣ ёдовар шуд.
Президент Беларуси Александр Лукашенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.06.2023
Лукашенко кишварҳои узви иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиёро ба ҳамгироӣ даъват кард
"Ва мо дар ҳама ҷо нашъунамою рушди хубро мебинем. Мо бояд инро дар як нақша муттаҳид кунем, масъулонро таъйин кунем", - гуфт Лукашенко дар хитоб ба ҳамтои русаш.
Вай зарурати бархӯрд ба масъалаи ҳамкориҳои иқтисодӣ аз нуқтаи назари стратегиро таъкид намуд.
Қаблан президент гуфта буд, ки ҳамкориҳои минтақавии Русия ва Беларус бояд аз ҳадди Давлати иттиҳодӣ берун оянд.
"Иттиҳоди Беларус ва Русия маҳфили пӯшида нест. Мо бар зидди касе муттаҳид нестем. Ман бештар мегӯям: белорусҳо ва русҳо манфиатдоранд, ки тамоми минтақаи Авруосиё дар маҷмӯъ рушд кунад", - таъкид кард Лукашенко.
Лентаи хабарҳо
0