https://sputnik.tj/20230722/tojikistoniyon-garmo-shadid-dar-pesh-ast-1058395549.html
Тоҷикистониёнро гармои тоқатфарсо дар пеш аст
Тоҷикистониёнро гармои тоқатфарсо дар пеш аст
Sputnik Тоҷикистон
Ба гуфтаи ҳавосанҷон, даҳаи охири моҳи равон нисбат ба аввал ва миёнаҳои моҳ гармтар ва хушктар хоҳад шуд, инчунин ҳавои август ба ҳавои августи соли 2001 монанд мешавад
2023-07-22T12:30+0500
2023-07-22T12:30+0500
2023-07-22T12:30+0500
дар тоҷикистон
иҷтимоъ
обу ҳаво
гарм
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/1e/1051042672_0:139:3149:1910_1920x0_80_0_0_e0b262b84fe8f12063982304d2bef010.jpg
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Ҳарорати ҳавои Тоҷикистон дар даҳаи охири моҳи ҷорӣ нисбат ва аввал ва мобайнҳои моҳ гармтар хоҳад шуд, пешгӯӣ мекунанд ҳавосанҷони ҷумҳурӣ.Интизор меравад, охири моҳ ҳарорати ҳаво дар Душанбе 40-44 ва дар ноҳияҳои ҷанубии мамлакат то 47 дараҷа тафсон шавад.Ҳамчунин, пешгӯӣ шуд, ки ҳавои моҳи августро ба обу ҳавои моҳи августи соли 2001 монанд мешавад. Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёр ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд ва дар баъзе ноҳияҳои дигар 1 дараҷа паст пешгӯӣ мешавад.Гуфта мешавад, дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ то 28 дараҷа гармӣ хоҳад расид.Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона то 24 ва рӯзона то 41 дараҷа ҳаво гарм мешавад.Дар вилояти Суғд дар моҳи август то 27 дараҷа гарм мешавад. Боришоти борон ва ба амал омадани раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Ҳамчунин дар баъзе ноҳияҳо дар моҳи август вазиши бод дар як сония ба 15-20 метр хоҳад расид.Дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ ҳаво то 17- 22 дараҷа гарм мешавад.Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, рӯзона аз 29-34 то 24-29, шабона аз 13-18 то 10-15 дараҷа гарм хоҳад шуд.Дар шарқи вилоят бошад, гармии ҳаво то 10-12 дараҷа мерасад.Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ охири моҳ ба амал омадани боронҳои кӯтоҳмуддат ва раъду барқ аз эҳтимол дур набуда, дар ноҳияҳои алоҳида вазиши шамол бо шиддати то 15-20 метр дар як сония дар назар аст.
https://sputnik.tj/20230622/garmoi-toqatfarso-sokinonidushanbe-oftobi-suzon-najrot-1057855971.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/1e/1051042672_471:132:2771:1857_1920x0_80_0_0_fd5fc21b7616c566d4154a715f715c54.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон ҳаво гарм
Тоҷикистониёнро гармои тоқатфарсо дар пеш аст
Ба гуфтаи ҳавосанҷони тоҷик даҳаи охири моҳи равон дар Тоҷикистон нисбат ба аввал ва миёнаҳои моҳ гармтар ва хушктар хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Ҳарорати ҳавои Тоҷикистон дар даҳаи охири моҳи ҷорӣ нисбат ва аввал ва мобайнҳои моҳ гармтар хоҳад шуд, пешгӯӣ мекунанд ҳавосанҷони ҷумҳурӣ.
Интизор меравад, охири моҳ ҳарорати ҳаво дар Душанбе 40-44 ва дар ноҳияҳои ҷанубии мамлакат то 47 дараҷа тафсон шавад.
Ҳамчунин, пешгӯӣ шуд, ки ҳавои моҳи августро ба обу ҳавои моҳи августи соли 2001 монанд мешавад. Ҳарорати миёнаи моҳонаи ҳаво дар ҳудуди меъёр ва дар баъзе ноҳияҳо аз меъёри иқлимӣ 1 дараҷа баланд ва дар баъзе ноҳияҳои дигар 1 дараҷа паст пешгӯӣ мешавад.
Гуфта мешавад, дар вилояти Хатлон ва водиҳои ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ то 28 дараҷа гармӣ хоҳад расид.
Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона то 24 ва рӯзона то 41 дараҷа ҳаво гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд дар моҳи август то 27 дараҷа гарм мешавад. Боришоти борон ва ба амал омадани раъду барқ пешгӯӣ мешавад. Ҳамчунин дар баъзе ноҳияҳо дар моҳи август вазиши бод дар як сония ба 15-20 метр хоҳад расид.
Дар минтақаҳои кӯҳии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва ғарби ВМКБ ҳаво то 17- 22 дараҷа гарм мешавад.Давоми моҳ тағйирёбии ҳарорати ҳаво пешгӯӣ шуда, рӯзона аз 29-34 то 24-29, шабона аз 13-18 то 10-15 дараҷа гарм хоҳад шуд.
Дар шарқи вилоят бошад, гармии ҳаво то 10-12 дараҷа мерасад.Дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ охири моҳ ба амал омадани боронҳои кӯтоҳмуддат ва раъду барқ аз эҳтимол дур набуда, дар ноҳияҳои алоҳида вазиши шамол бо шиддати то 15-20 метр дар як сония дар назар аст.