Дар Дания назди сафорати Ироқ боз Қуръонро сӯзонданд

© QASSEM AL-KAABIМусульманин держит Коран
Мусульманин держит Коран - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.07.2023
Обуна шудан
Дар ин иқдом, ки бо ҳузури расонаҳо сурат гирифт, яке аз фаъолон китоби муқаддаси мусалмононро оташ зад, сипас ҷонибдори ӯ парчами Ироқро поймол кард
ДУШАНБЕ, 22 июл — Sputnik. Аъзоёни гурӯҳи "Danske Patrioter"дар назди бинои сафоратхонаи Ироқ дар Копенгаген роҳпаймоӣ барпо карданд.
Дар ҷараёни он афроде, ки дар намояндагии дипломатӣ ҷамъ омада буданд, Қуръонро сӯзонданд. Ин амал дар шабакаҳои иҷтимоӣ пахш шуд.
Дар навор дида мешавад, ки чӣ гуна яке аз фаъолон китоби муқаддаси мусалмононро оташ зада, сипас ҷонибдори ӯ парчами Ироқро поймол кардааст.
Дар гирдиҳамоие, ки дар назди бинои сафорат баргузор шуд, беш аз панҷ нафар ширкат карданд. Онҳо хабар доданд, ки ин амалро ба нишони эътироз алайҳи ҳамлаи ахир ба сафорати Шветсия дар Бағдод ташкил кардаанд. Ин иқдом таҳти ҳимояти шадиди пулис ва дар ҳузури намояндагони расонаҳо сурат гирифт.
Акция протеста у посольства Швеции в Багдаде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2023
Эътирозгарон сафорати Шветсия дар Ироқро оташ заданд
Гурӯҳи "Danske Patrioter" бо изҳороти таҳқиромез дар бораи ислом маъруф аст.
Ёдовар мешавем, ки дар пасманзари амалҳои иғвогарона, ки яке аз онҳо рӯзи 28 июн, ҳангоми сӯзондани Қуръони як зодаи Ироқ сурат гирифт, Бағдоди расмӣ аз ихроҷи сафири Шветсия ва бозхонди кордори Ироқ дар Стокҳолм хабар дод.
Вазири хориҷаи Туркия Ҳокон Фидон гуфт, ки исломбадбинӣ ва амалҳои таҳқири Қуръони муқаддас барои мусалмонон як навъ вабо дар Ғарб шудааст.
Ба ақидаи ӯ, дар Дания ва Шветсия амалҳо алайҳи Қуръон “мӯд шудааст”.
Лентаи хабарҳо
0