https://sputnik.tj/20230721/tufon-vahshatnok-eron-vazorat-tojikistoniyon-guft-1058380945.html
Туфони ваҳшатнок дар Эрон: Вазорат аз вазъи тоҷикистониён гуфт
Туфони ваҳшатнок дар Эрон: Вазорат аз вазъи тоҷикистониён гуфт
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Эрон мегяд, ки дар пайи мавҷи ҷадиди вуқуъи тӯфони гирдбоди ахир 769 нафар дар минтақаи Сиистон ва Балуҷистон дармонӣ шудаанд
2023-07-21T13:30+0500
2023-07-21T13:30+0500
2023-07-21T14:04+0500
дар тоҷикистон
эрон
сафорат
тӯфони хок
осеб
муроҷиат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1b/1057941258_0:0:3382:1902_1920x0_80_0_0_a4273d3190843d9621e2d286d38b79c0.jpg
ДУШАНБЕ, 20 июл – Sputnik. Дар ҳоли ҳозир ҳеҷ шаҳрванди кишвар ба сафорати Тоҷикистон дар Эрон барои кумак муроҷиат накардааст, иттилоъ дод ба Sputnik манбаъ аз вазорати умури хориҷии кишвар."Ягон шаҳрванди Тоҷикистон осеб надидааст ва ба намояндагии дипломатии Тоҷикистон низ муроҷиат вобаста ба ин нашудааст", - гуфт вазорати хориҷа.Ёдовр мешавем, ки мавҷи ҷадиди вазиши тӯфони гирдбод дар рӯзҳои ахир бори дигар барои сеюмин бор аз ибтидои тирмоҳ токунун минтақаи Сиистон воқеъ дар шимоли устони Сиистону Балуҷистонро фаро гирифта ва мардуми минтақаро бо чолиши ҷаддӣ мувоҷеҳ кардааст.Чанде пеш дар бораи теъдоди захмиён, сардори ситоди бӯҳронии музофот Маҷид Моҳеббӣ гузориш дод.Бар асоси ахбори расида дар пайи мавҷи ҷадиди вазиши бод дар минтақаи Сиистон аз аз оғози тӯфонҳо токунун дар панҷ шаҳристон Зобул, Заҳк, Ҳомун, Ҳирманд ва Нимрӯз 998 нафар аз мардуми ин минтақа роҳии бемористону марокиз дармонӣ шуданд.Ба иттилои манбаъ аз 769 ашхосе, ки дар бемористон ҳастанд 71 нафараш танҳо дар рӯзҳои бистарӣ гардиданд.Ҳамзамон тибқи иттилои расонаҳо дар панҷ ноҳияи вилояти Сиистон 30 нафар бистарӣ шудаанд, боқимонда табобати амбулаторӣ мегиранд.Қаблан дар бораи ҷароҳати беш аз 250 дар паи тӯфони қум гузориш шуда буд.Вазъият ҳамоно мушкил боқӣ мемонад ва мақомоти Эрон талош доранд, то оқибатҳои тӯфонро коҳиш диҳад ва ба осебдидагон кумак расонанд.
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1b/1057941258_458:0:3189:2048_1920x0_80_0_0_bd6306f7d55c546e0dd686181e975e94.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
эрон, теҳрон, хокбод, тоҷикистон шаҳрвандон, муроҷиат, сафорат, вазорат
эрон, теҳрон, хокбод, тоҷикистон шаҳрвандон, муроҷиат, сафорат, вазорат
Туфони ваҳшатнок дар Эрон: Вазорат аз вазъи тоҷикистониён гуфт
13:30 21.07.2023 (Навсозишуда: 14:04 21.07.2023) Эксклюзив
Мақомоти Эрон мегяд, ки дар пайи мавҷи ҷадиди вуқуъи тӯфони гирдбоди ахир 1000 нафар дар минтақаи Сиистон ва Балуҷистон дармонӣ шудаанд
ДУШАНБЕ, 20 июл – Sputnik. Дар ҳоли ҳозир ҳеҷ шаҳрванди кишвар ба сафорати Тоҷикистон дар Эрон барои кумак муроҷиат накардааст, иттилоъ дод ба Sputnik манбаъ аз вазорати умури хориҷии кишвар.
"Ягон шаҳрванди Тоҷикистон осеб надидааст ва ба намояндагии дипломатии Тоҷикистон низ муроҷиат вобаста ба ин нашудааст", - гуфт вазорати хориҷа.
Ёдовр мешавем, ки мавҷи ҷадиди вазиши тӯфони гирдбод дар рӯзҳои ахир бори дигар барои сеюмин бор аз ибтидои тирмоҳ токунун минтақаи Сиистон воқеъ дар шимоли устони Сиистону Балуҷистонро фаро гирифта ва мардуми минтақаро бо чолиши ҷаддӣ мувоҷеҳ кардааст.
Чанде пеш дар бораи теъдоди захмиён, сардори ситоди бӯҳронии музофот Маҷид Моҳеббӣ гузориш дод.
Бар асоси ахбори расида дар пайи мавҷи ҷадиди вазиши бод дар минтақаи Сиистон аз аз оғози тӯфонҳо токунун дар панҷ шаҳристон Зобул, Заҳк, Ҳомун, Ҳирманд ва Нимрӯз 998 нафар аз мардуми ин минтақа роҳии бемористону марокиз дармонӣ шуданд.
Ба иттилои манбаъ аз 769 ашхосе, ки дар бемористон ҳастанд 71 нафараш танҳо дар рӯзҳои бистарӣ гардиданд.
Ҳамзамон тибқи иттилои расонаҳо дар панҷ ноҳияи вилояти Сиистон 30 нафар бистарӣ шудаанд, боқимонда табобати амбулаторӣ мегиранд.
Қаблан дар бораи ҷароҳати беш аз 250 дар паи тӯфони қум гузориш шуда буд.
Вазъият ҳамоно мушкил боқӣ мемонад ва мақомоти Эрон талош доранд, то оқибатҳои тӯфонро коҳиш диҳад ва ба осебдидагон кумак расонанд.