https://sputnik.tj/20230721/bunyodi-korkhona-tavlidi-transformator-guliston-1058383011.html
Бунёди корхонаи тавлиди трансформатор дар Гулистон
Бунёди корхонаи тавлиди трансформатор дар Гулистон
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Суғд хабар додааст, ки коргоҳи нави трансформаторбарорӣ дар масоҳати 0,45 га сохта мешавад, ки асосан ба таъмири дастгоҳҳои барқӣ машғул мегардад
2023-07-21T15:01+0500
2023-07-21T15:01+0500
2023-07-21T15:01+0500
дар тоҷикистон
энергетика
барқ
суғд
коргоҳ
саноат
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101873/86/1018738698_0:124:3031:1828_1920x0_80_0_0_12119e98e3d224960222271a4714eb69.jpg
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон лоиҳаи бунёди корхонаи истеҳсол ва таъмири трансформатор амалӣ гардида истодааст.Дар ин бора дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд хабар додааст.Бино бар иттилои манбаъ, коргоҳи мазкур дар масоҳати 0,45 га қомат афрохта, асосан ба таъмири дастгоҳҳои барқӣ машғул мегардад.Дар асоси лоиҳа бинои маъмурӣ ва коргоҳи истеҳсолӣ бунёд гардида, баробари фаъол гаштани он 10 нафар шаҳрвандон бо ҷои кори доимӣ таъмин мешаванд.Манбаъ қайд кардааст, ки ахиран роҳбарияти вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос гардид.Ҳамзамон роҳбарияти вилоят дар шаҳри Гулистон ҳамчунин аз бунёди фабрикаи мурғпарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Парандаи заррин" хабар доданд.Ин фабрика дар масоҳати 2 гектар доман паҳн карда, дар он дар марҳилаи аввал ду иншоот барои парвариши парранда бунёд гардидааст.Дар ин фабрика дар як навбат то 20 ҳазор мурғ парвариш мешавад. Ҳамчунин дар шафати фабрикаи парандапарварӣ масъулин азм доранд, ки коргоҳи истеҳсоли равған ба истифода диҳанд.
https://sputnik.tj/20220824/sughd-korkhona-faoliyat-1050899868.html
суғд
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/101873/86/1018738698_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_e87988afc85e4c3089c7dfc119e41e2f.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, гулистон, суғд, трансформатор, бунёд, мақомот, корхона, саноатӣ
тоҷикистон, гулистон, суғд, трансформатор, бунёд, мақомот, корхона, саноатӣ
Бунёди корхонаи тавлиди трансформатор дар Гулистон
Мақомоти Суғд хабар додааст, ки коргоҳи нави трансформаторбарорӣ дар масоҳати 0,45 га сохта мешавад, ки асосан ба таъмири дастгоҳҳои барқӣ машғул мегардад
ДУШАНБЕ, 21 июл — Sputnik. Дар минтақаи саноатии шаҳри Гулистон лоиҳаи бунёди корхонаи истеҳсол ва таъмири трансформатор амалӣ гардида истодааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти мақомоти вилояти Суғд хабар додааст.
Бино бар иттилои манбаъ, коргоҳи мазкур дар масоҳати 0,45 га қомат афрохта, асосан ба таъмири дастгоҳҳои барқӣ машғул мегардад.
Дар асоси лоиҳа бинои маъмурӣ ва коргоҳи истеҳсолӣ бунёд гардида, баробари фаъол гаштани он 10 нафар шаҳрвандон бо ҷои кори доимӣ таъмин мешаванд.
Манбаъ қайд кардааст, ки ахиран роҳбарияти вилояти Суғд дар шаҳри Гулистон бо ҷараёни корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос гардид.
Ҳамзамон роҳбарияти вилоят дар шаҳри Гулистон ҳамчунин аз бунёди фабрикаи мурғпарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди "Парандаи заррин" хабар доданд.
Ин фабрика дар масоҳати 2 гектар доман паҳн карда, дар он дар марҳилаи аввал ду иншоот барои парвариши парранда бунёд гардидааст.
Дар ин фабрика дар як навбат то 20 ҳазор мурғ парвариш мешавад. Ҳамчунин дар шафати фабрикаи парандапарварӣ масъулин азм доранд, ки коргоҳи истеҳсоли равған ба истифода диҳанд.