https://sputnik.tj/20230720/tojikiston-jomi-judoi-osiyo-muntakhab-1058372310.html
Тоҷикистон ба Ҷоми ҷудои Осиё меравад: кӣ ба мунтахаб ҳамроҳ шудааст?
Тоҷикистон ба Ҷоми ҷудои Осиё меравад: кӣ ба мунтахаб ҳамроҳ шудааст?
Sputnik Тоҷикистон
Дар Ӯзбекистон беш аз 180 варзишгар барои медалҳои Ҷоми Осиё дар риштаи дзюдо мубориза мебаранд. Фонди ҷоизаи мусобиқаи байналмилалӣ 200 ҳазор евро аст
2023-07-20T20:20+0500
2023-07-20T20:20+0500
2023-07-20T20:20+0500
навигариҳои варзиши тоҷикистон
дар тоҷикистон
варзишгар
мусобиқа
ҷоми осиё
ӯзбекистон
дзюдо
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/02/1057507199_0:0:3067:1725_1920x0_80_0_0_7fb5689f5d2fc46410c4c98db4ba134a.jpg
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Варзишкорони тоҷик дар Ҷоми Осиё дар риштаи ҷудо миёни кадетҳо ва наврасон дар Тошканд ширкат мекунанд.Тибқи иттилои расмӣ, Федератсияи дзюдои Тоҷикистон барои иштирок дар ин мусобиқа 33 наврасу 49 кадетро мефиристад.Аз ҷумла, Нуралӣ Эмомалӣ ва Обид Ҷебов (66 кг), Беҳрӯз Хоҷазода (73 кг), Сомон Маҳмадбеков (81 кг), Комроншоҳи Устопириён (90 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) дар ин мусобиқа иштирок хоҳанд кард.Ҷоми Осиё дар риштаи ҷудо миёни кадетҳо ва наврасон аз 27 то 30 июл баргузор мешавад. Дар ин мусобиқа 86 варзишкор аз 4 кишвар ва 97 наврас аз 3 кишвар барои медалҳо мубориза хоҳанд бурд.Ба иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон фонди ҷоиза 200 ҳазор евроро ташкил медиҳад.Барои ғолибони ҷойи якуми ин мусобиқа 6000 евро, ҷойи дувум 4000 евро ва барои ҷойи сеюм 2000 евро медиҳанд. Варзишкорон инчунин барои пеш рафтан дар рейтингҳои ҷаҳонӣ ва олимпӣ низ холҳо мегиранд.Бар асоси низомномаи Федератсияи байнулмилалӣ мусобиқот аз рӯи 16 вазн миёни кадетҳо ва 14 вазн миёни наврасон баргузор мешавад.
https://sputnik.tj/20230718/barguzori-avvalin-qahramoni-gushtingiri-rusiya-1058336497.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/02/1057507199_55:0:2784:2047_1920x0_80_0_0_8f185747d95c52de2dc0c1a24bf3dcce.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, ҷоми ҷудои осиё , варзиш, ҷудо, ӯзбекистон, иштирок
тоҷикистон, ҷоми ҷудои осиё , варзиш, ҷудо, ӯзбекистон, иштирок
Тоҷикистон ба Ҷоми ҷудои Осиё меравад: кӣ ба мунтахаб ҳамроҳ шудааст?
Дар Ӯзбекистон беш аз 180 варзишгар барои медалҳои Ҷоми Осиё дар риштаи дзюдо мубориза мебаранд. Фонди ҷоизаи мусобиқаи байналмилалӣ 200 ҳазор евро аст
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Варзишкорони тоҷик дар Ҷоми Осиё дар риштаи ҷудо миёни кадетҳо ва наврасон дар Тошканд ширкат мекунанд.
Тибқи иттилои расмӣ, Федератсияи дзюдои Тоҷикистон барои иштирок дар ин мусобиқа 33 наврасу 49 кадетро мефиристад.
Аз ҷумла, Нуралӣ Эмомалӣ ва Обид Ҷебов (66 кг), Беҳрӯз Хоҷазода (73 кг), Сомон Маҳмадбеков (81 кг), Комроншоҳи Устопириён (90 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) дар ин мусобиқа иштирок хоҳанд кард.
Ҷоми Осиё дар риштаи ҷудо миёни кадетҳо ва наврасон аз 27 то 30 июл баргузор мешавад. Дар ин мусобиқа 86 варзишкор аз 4 кишвар ва 97 наврас аз 3 кишвар барои медалҳо мубориза хоҳанд бурд.
Ба иттилои Федератсияи дзюдои Тоҷикистон фонди ҷоиза 200 ҳазор евроро ташкил медиҳад.
Барои ғолибони ҷойи якуми ин мусобиқа 6000 евро, ҷойи дувум 4000 евро ва барои ҷойи сеюм 2000 евро медиҳанд. Варзишкорон инчунин барои пеш рафтан дар рейтингҳои ҷаҳонӣ ва олимпӣ низ холҳо мегиранд.
Бар асоси низомномаи Федератсияи байнулмилалӣ мусобиқот аз рӯи 16 вазн миёни кадетҳо ва 14 вазн миёни наврасон баргузор мешавад.