Шатранҷбозони тамоми ҷаҳон ба Тоҷикистон меоянд: мусобиқаҳо дар куҷо доир мешаванд?

© Федерация шахмат ТаджикистанаШахматистка сборной Таджикистана Мутриба Хотами
Шахматистка сборной Таджикистана Мутриба Хотами - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2023
Обуна шудан
Дар қаламрави Тоҷикистон баргузории якбора ду мусобиқаи байнулмилалии бузурги шоҳмот миёни бозигарони синну соли гуногун дар назар аст
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Дар Тоҷикистон баргузории як мусобиқаи бузурги байналмилалӣ оид ба шоҳмот дар назар аст.
Дар ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд баргузор мешавад, хабар медиҳад хабаргузории "Ховар" бо такя ба сардори шуъбаи тарбияи ҷисмонӣ ва рушди варзиши дастгоҳи марказии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Муҳаммадтолиб Шокирзода.
Бозиҳо аз 25 то 27 август баргузор мешаванд.
Пас аз он аз 1 то 4 сентябр дар Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба шоҳмот баргузор мешавад. Дар он беҳтарин шоҳмотбозони ҷавони ҷаҳон иштирок мекунанд.
Қобили зикр аст, ки ҳамасола 20 июл ҳамчун Рӯзи байналмилалии шоҳмот ҷашн гирифта мешавад.
В школе-интернате №1 для детей-сирот в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.05.2023
Сабқати шоҳмотбозон дар Душанбе барои роҳхат ба Ҷоми ҷаҳон
Ин яке аз қадимтарин бозиҳои миллии тоҷикон буда, дар асри VI пайдо шудааст. Баъзе муҳаққиқон бар ин назаранд, ки шоҳмот таърихи 1400-сола дорад. Муаррихин пайдоиши шоҳмотро ба асри VI мелодӣ нисбат медиҳанд.
Ин намуди варзиш солҳои охир дар ҷуиҳурӣ дастгирӣ ва инкишоф ёфта ҳамасола дар кишвар Ҷоми президенти Тоҷикистон оид ба шоҳмот баргузор мешавад.
Он соли 2019 таъсис ёфта буд. Мусобиқа дар 4 марҳила баргузор мешавад. Онҳо дар байни бозигарони касбӣ ва ҳаваскорон гурӯҳбандӣ карда мешаванд.
Маблағи умумии ҷоизаҳои мусобиқа 100 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар мусобиқоти дастаӣ барои ҷойи аввал 30 ҳазор сомонӣ, барои ҷойи дуюм 25 ҳазор сомонӣ ва барои ҷойи сеюм 20 ҳазор сомонӣ ҷоиза пешбинӣ шудааст.
Дар ҳамин ҳол, дар мусобиқаҳои инфиродӣ маблағи умумии ҷоиза 25 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0