Дар нишасти Ҷидда хостори лағви раводид миёни кишварҳои ОМ ва Халиҷи Форс шуданд

© AP / Hadi MizbanГород Медина в Саудовской Аравии, архивное фото
Город Медина в Саудовской Аравии, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2023
Обуна шудан
Президенти Қирғизистон ба густариши робитаҳои нақлиётию логистикӣ байни ду минтақа ишора карда, пешниҳоди лағви раводидро ба миён гузошт
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Дар нишасти Ҷидда пешниҳод шуд, ки миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷи Форс як минтақаи бидуни раводид таъсис дода шавад.
Чунин ташаббусро раисиҷумҳури Қирғизистон Содир Жапаров пешбарӣ кардааст.
"Вусъат додани робитаҳои нақлиётӣ ва логистикӣ, аз ҷумла роҳи оҳан ва ҳавоӣ, интиқоли молҳо, сармоя ва одамонро байни минтақаҳои мо осон мекунад",- гуфт ӯ.
Тавре сарвари Қирғизистон таъкид кард, ин на танҳо имкон медиҳад, ки тиҷорат миёни Осиёи Марказӣ ва кишварҳои Халиҷи Форс ба таври фаъол густариш ёбад, балки ба табодули фарҳангӣ низ мусоидат мекунад.
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо шоҳзода Муҳаммад ибни Салмон Оли Сауд
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2023
Раҳмон шоҳзода Муҳаммад ибни Салмонро ба Тоҷикистон даъват кард
"Бо ин мақсад ман мехостам қадам ба қадам иқдомоти зеринро пешниҳод намоям: дар ҳудуди минтақаҳои худ минтақаи бидуни раводид таъсис дода, ширкатҳои ҳавопаймоиямонро дар кушодан ва тавсеаи парвозҳои мунтазам байни пойтахтҳо ҳавасманд ва дастгирӣ кунем", - гуфт Ҷабборов.
Ба гуфтаи президент, ҳамчунин масирҳои муштараки сайёҳӣ, таҳкими ҳамкориҳои байнибонкӣ ва рушди ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ зарур аст.
Ёдовар мешавем, ки раҳбарони кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ дар Ҷиддаи Арабистони Саудӣ дар нахустин нишасти формати "Осиёи Марказӣ – Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс" ҷамъ омаданд.
Лентаи хабарҳо
0