https://sputnik.tj/20230720/mirziyoev-khostori-muboriza-bo-islomofobiya-dar-jahon-shud-1058366872.html
Мирзиёев хостори мубориза бо исломофобия дар ҷаҳон шуд
Мирзиёев хостори мубориза бо исломофобия дар ҷаҳон шуд
Sputnik Тоҷикистон
Президенти Ӯзбекистон аз зарурати ҳамкорӣ дар мубориза бо радикализми динӣ, терроризм ва ҷалби ҷавонон ба амалҳои ифротгарои изҳори назар кард
2023-07-20T15:27+0500
2023-07-20T15:27+0500
2023-07-20T15:27+0500
шавкат мирзиёев
ислом
фарҳанг
мубориза
ӯзбекистон
дин ва оин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/13/1050812409_0:16:720:421_1920x0_80_0_0_e14cdc8f171abff742c524832cc31afe.jpg
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев хостори мубориза бо мавориди исломситезӣ дар ҷаҳон шуд. Ӯ дар ин бора зимни суханронӣ дар нишасти “Осиёи Марказӣ – Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс” изҳорот дод, хабар медиҳад дафтари матбуоти раисиҷумҳури Ӯзбекистон. Мирзиёев ҳамчунин ба таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бо радикализми динӣ, терроризм ва ҷалби ҷавонон ба амалҳои ифротгароӣ тавассути интернет ишора кард.Маврид ба зикр аст, ки ахиран Мирзиёев вокуниши худро ба сӯзонидани Қуръон дар Швется низ изҳор дошт.Ӯ зимни суҳбат интихобкунандагонаш пеш аз интихоботи президентӣ дар Тошканд, чунин амалро ваҳшигарӣ хонд.“Мо комилан муқобили ҳама гуна шаклҳои радикализм ва ифротгароӣ ҳастем, ки беэҳтиромӣ ба арзишҳои динии миллату халқиятҳои гуногунро нишон медиҳанд", - таъкид кард вай.Ӯ чунин амалкард дар Стокҳолмро сазовори маҳкумият хонда, таъкид кард, ки ба чунин ҳолатҳое, ки дин ва эҳсоси наҷиби миллионҳо нафарони рӯи заминро таҳқир мекунанд, набояд роҳ дод.Ёдовар мешавем, ки рӯзи 19 июл раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ҷиддаи Арабистони Саудӣ дар нахустин нишасти формати “Осиёи Марказӣ – Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои арабии Халиҷи Форс” ҷамъ омаданд.
https://sputnik.tj/20230713/taghyiri-mavqe-shvetsiya-mekhost-quron-oinnoma-nato-suzond-1058245312.html
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/08/13/1050812409_31:0:671:480_1920x0_80_0_0_c5b991c4bdf1cadf5c2c8cf403ded328.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мирзиёев мубориза исломофобия ҷаҳон
мирзиёев мубориза исломофобия ҷаҳон
Мирзиёев хостори мубориза бо исломофобия дар ҷаҳон шуд
Президенти Ӯзбекистон аз зарурати ҳамкорӣ дар мубориза бо радикализми динӣ, терроризм ва ҷалби ҷавонон ба амалҳои ифротгарои изҳори назар кард
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Раисиҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев хостори мубориза бо мавориди исломситезӣ дар ҷаҳон шуд.
Ӯ дар ин бора зимни суханронӣ дар нишасти “Осиёи Марказӣ – Шӯрои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷи Форс” изҳорот дод, хабар медиҳад дафтари матбуоти раисиҷумҳури Ӯзбекистон.
Мирзиёев ҳамчунин ба таҳкими ҳамкорӣ дар мубориза бо радикализми динӣ, терроризм ва ҷалби ҷавонон ба амалҳои ифротгароӣ тавассути интернет ишора кард.
"Бо мақсади ба ҳам наздик кардани кишварҳо ва халқҳои бародар пешниҳод карда шуд, ки масъалаи таҳияи созишномаи бисёрҷониба оид ба дӯстӣ, робитаҳои минтақавӣ ва шарикӣ мавриди омӯзиш қарор дода шавад", - зикр кард дафтари матбуоти президент.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран Мирзиёев вокуниши худро ба сӯзонидани Қуръон дар Швется низ изҳор дошт.
Ӯ зимни суҳбат интихобкунандагонаш пеш аз интихоботи президентӣ дар Тошканд, чунин амалро ваҳшигарӣ хонд.
“Мо комилан муқобили ҳама гуна шаклҳои радикализм ва ифротгароӣ ҳастем, ки беэҳтиромӣ ба арзишҳои динии миллату халқиятҳои гуногунро нишон медиҳанд", - таъкид кард вай.
Ӯ чунин амалкард дар Стокҳолмро сазовори маҳкумият хонда, таъкид кард, ки ба чунин ҳолатҳое, ки дин ва эҳсоси наҷиби миллионҳо нафарони рӯи заминро таҳқир мекунанд, набояд роҳ дод.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 19 июл раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Ҷиддаи Арабистони Саудӣ дар нахустин нишасти формати “Осиёи Марказӣ – Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои арабии Халиҷи Форс” ҷамъ омаданд.