https://sputnik.tj/20230720/kohish-kambizoati-favti-modaron-kudakon-tojikiston-1058368297.html
Коҳиши камбизоативу фавти модарон ва кӯдакон дар Тоҷикистон дар панҷ соли ахир
Коҳиши камбизоативу фавти модарон ва кӯдакон дар Тоҷикистон дар панҷ соли ахир
Sputnik Тоҷикистон
Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд дар панҷ соли ахир фавти модарон ва кӯдакон ва оилаҳои камбизоат ба таври назаррас коҳиш ёфтааст
2023-07-20T15:59+0500
2023-07-20T15:59+0500
2023-07-20T16:00+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
сатҳи камбизоатӣ
модар
кӯдакон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/14/1058368124_0:130:800:580_1920x0_80_0_0_9e3e050174c6bf7a69a00782d7985a79.jpg
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Вазири рушди иқтисод ва савдо Тоҷикистон ахиран дар Форуми сиёсии сатҳи баланд дар шаҳри Ню Йорк аз дастовардҳои кишвар изҳори назар кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати иқтисод ва савдои кишвар.Ба гуфтаи Завқи Завқизода, вазирири иқтисод ва савдои кишвар дар панҷ соли охир фавти модарон ва кӯдакон мутаносибан 70% ва 36% коҳиш ёфтааст.Вай ҳамчунин зимни суханрониаш таъкид кард, ки дар ин муддат ҳам шумораи гирифторони бақайдигирифташудаи бемории сил ва сироятёфтагони вируси норасоии масъунияти одам (ВНМО) мувофиқан 26 ва 19,5 фоиз кам гардид.Завқи Завқизода қайд кард, ки барои таъсиси низоми боэътимоди ҳифзи иҷтимоӣ Барномаи кӯмаки мақсадноки иҷтимоӣ роҳандозӣ гардида, Феҳристи ягонаи миллии иттилоотии оилаҳои камбизоат ва шахсони маъюб ташкил шуд ва барои дастгирии табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазири аҳолӣ беш аз 19 миллиард сомонӣ ҷудо карда шуд.Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода гуфта буд, ки дар Тоҷикистон сатҳи камбизоатӣ тайи ду соли охир ба андозаи 0,9 фоиз коҳиш ёфта, соли 2022 аз рӯи маълумоти пешакӣ ба 22,5 фоиз баробар шудааст.Ҳамзамон пештар вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар хабар дода буд, ки шумораи умумии оилаҳои камбизоат дар Тоҷикистон ба зиёда аз 224,5 ҳазор адад баробар шуд.
https://sputnik.tj/20230213/kohishi-kambizoati-tojikiston-1054882047.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/14/1058368124_0:55:800:655_1920x0_80_0_0_952f5eeb4a7e7320409da7bec56e4fde.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, камбизоати, фавти модар, кӯдак, коҳиш, вазири иқтисод, завқи завқизода
тоҷикистон, камбизоати, фавти модар, кӯдак, коҳиш, вазири иқтисод, завқи завқизода
Коҳиши камбизоативу фавти модарон ва кӯдакон дар Тоҷикистон дар панҷ соли ахир
15:59 20.07.2023 (Навсозишуда: 16:00 20.07.2023) Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд дар панҷ соли ахир фавти модарон ва кӯдакон ва оилаҳои камбизоат ба таври назаррас коҳиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Вазири рушди иқтисод ва савдо Тоҷикистон ахиран дар Форуми сиёсии сатҳи баланд дар шаҳри Ню Йорк аз дастовардҳои кишвар изҳори назар кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти вазорати иқтисод ва савдои кишвар.
Ба гуфтаи Завқи Завқизода, вазирири иқтисод ва савдои кишвар дар панҷ соли охир фавти модарон ва кӯдакон мутаносибан 70% ва 36% коҳиш ёфтааст.
Вай ҳамчунин зимни суханрониаш таъкид кард, ки дар ин муддат ҳам шумораи гирифторони бақайдигирифташудаи бемории сил ва сироятёфтагони вируси норасоии масъунияти одам (ВНМО) мувофиқан 26 ва 19,5 фоиз кам гардид.
Завқи Завқизода қайд кард, ки барои таъсиси низоми боэътимоди ҳифзи иҷтимоӣ Барномаи кӯмаки мақсадноки иҷтимоӣ роҳандозӣ гардида, Феҳристи ягонаи миллии иттилоотии оилаҳои камбизоат ва шахсони маъюб ташкил шуд ва барои дастгирии табақаҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазири аҳолӣ беш аз 19 миллиард сомонӣ ҷудо карда шуд.
“Амалӣ гардонидани чунин тадбирҳо имкон дод, ки сатҳи камбизоатӣ аз 31% дар соли 2015 то 22,5% дар соли 2022 коҳиш дода шавад”, - гуфт вазир.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода гуфта буд, ки дар Тоҷикистон сатҳи камбизоатӣ тайи ду соли охир ба андозаи 0,9 фоиз коҳиш ёфта, соли 2022 аз рӯи маълумоти пешакӣ ба 22,5 фоиз баробар шудааст.
Ҳамзамон пештар вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии кишвар хабар дода буд, ки шумораи умумии оилаҳои камбизоат дар Тоҷикистон ба зиёда аз 224,5 ҳазор адад баробар шуд.