Барбарият ва ҷанг бо фарҳанг: Толибон* асбобҳои мусиқиро ҷамъоварию оташ заданд

© AFP 2023 / WAKIL KOHSARБоец "Талибана"* и пианино
Боец Талибана* и пианино - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.07.2023
Обуна шудан
Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункари ҳукумати ҳоким дар Афғонистон зидди мусиқӣ "ҷанг" эълон карда, аз таъсири бади он ба ҷомеа сухан гуфтааст
ДУШАНБЕ, 20 июл — Sputnik. Толибони Афғонистон амалиёте гузаронданд, ки дар рафти он асбобҳои мусиқиро, ки дар давоми якчанд моҳ дар тамоми мамлакат ҷамъ карда шуда буданд, несту нобуд карданд.
Дар ин бора шабакаи телевизионии Ariana News бо истинод ба Вазорати амр ба маъруф ва наҳй аз мункари ҳукумати Толибон* хабар додааст.
Ба гуфтаи мақомоти ҳукумати ин гуруҳ, асбобҳои мусиқӣ "ҷавононро ба роҳи нодуруст ҳидоят карда, ҷомеаро хароб мекунанд".
Коллаж из фотографий одной локации до и после прихода к власти Талибана* в Афганистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 07.07.2023
Толибон* шарҳ доданд, ки чаро салонҳои зебоӣ дар Афғонистонро манъ кардаанд
Толибон* инчунин шунидани мусиқиро дар мошинҳо манъ карданд.
Илова бар ин, дар вилояти Қандаҳор ба масъулини радиоҳо амр шудааст, ки асарҳои мусиқиро нанавозанд ва садои занонро пахш накунанд.
Қаблан Толибон* манъи кори салонҳои зебоии занонро бо хоҳиши нигоҳ доштани буҷаи оилавии мардуми оддӣ шарҳ дода буданд.
Илова бар ин, ба гуфтаи мақомот, ислоҳи дар абрӯвон ва дароз кардани мӯй, ки дар толорҳои зебоӣ амалӣ мешаванд, "хилофи шариат аст".
*- созмон барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримоти СММ қарор дорад.
Лентаи хабарҳо
0