Расонаҳо: Туркия ба гумон аст, ки ташаббуси Украина дар мавриди ғалларо ҷонибдорӣ кунад

© AP / Efrem LukatskyВыгрузка украинского зерна в хранилище
Выгрузка украинского зерна в хранилище - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.07.2023
Обуна шудан
Пас аз лағв шудани кафолатҳои Русия барои бехатарии киштиронӣ дар Баҳри Сиёҳ, Туркия дар мавриди талафоти эҳтимолии киштиҳо таваккал нахоҳад кард
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Пас аз анҷоми муомилоти ғалла, мақомоти Украина метавонад барои он талош кунанд, ки Туркия амнияти киштиҳоро аз нигоҳи низомӣ таъмин кунад.
Аммо Туркия ба гумон аст, ки аз чунин пешниҳод пуштибонӣ кунад, иттилоъ дод хабаргузории Bloomberg.
"Ҳадафи асосии Украина ҳоло дарёфти дастгирии Туркия аст", - изҳор дошт раиси ширкати кишоварзии украинии HarvEast Holding, Дмитрий Скорняков.
Дар ҳамин ҳол, манобеи Bloomberg мегӯянд, ки ин барои Туркия як хатари бузурге хоҳад буд ва Анқара ба флоти худаш хатар эҷод намекунад. Таъкид шудааст, ки Туркия бештар ба “азсаргирии созиш бо ширкати Русия” тамаркуз мекунад.
Киштии боркаш дар бандари Одесса, акс аз бойгонӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.07.2023
Украинаро аз қатъи созишномаи ғалла огоҳ карданд
"Ин барои Туркия хеле хатарнок хоҳад буд, ба гумон аст, ки кишвар дахолат кунад", - изҳор доштаанд мусоҳибони хабаргузорӣ.
Русия 17 июл аз қатъи ташаббуси ба истилоҳ ғаллаи баҳри Сиёҳ хабар дод.
Созишномаи ғалла, ки 22 июли соли 2022 аз ҷониби намояндагони Русия, Туркия, Украина ва СММ баста шуда буд, содироти ғалла, маводи ғизоӣ ва нуриҳои Украинаро тавассути Баҳри Сиёҳ аз 3 бандар, аз ҷумла тариқи Одесса дар бар мегирад.
Ба дунбол, раисҷумҳури Украина, Владимир Зеленский эълом кард, ки кишвараш ният дорад, бидуни ширкати Русия дар ин ташаббус тавассути Баҳри Сиёҳ ғалла интиқол диҳад.
Вай афзуд, ки ширкатҳо - соҳибони киштӣ бо Киев тамос гирифтаанд ва гуфтанд, ки омодаанд, агар Украина ва Туркия ба онҳо иҷозат диҳанд, интиқоли ғалларо идома диҳанд.
Лентаи хабарҳо
0