https://sputnik.tj/20230719/tojikiston-kishvarho-khorij-savdo-1058354808.html
Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷ чӣ қадар савдо кардааст?
Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷ чӣ қадар савдо кардааст?
Sputnik Тоҷикистон
Ба тасвирбаёни Sputnik назар андозед то бубинед, ки Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷ дар се моҳи аввали сол чӣ қадар додугирифт кардааст.
2023-07-19T19:45+0500
2023-07-19T19:45+0500
2023-07-19T19:45+0500
тасвирбаён
тиҷорат
додугирифт
хориҷа
идм
иқтисод
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/13/1058352172_0:0:1280:720_1920x0_80_0_0_438520cd55d8fd71c53ede34f49ab50c.png
Бар асоси гузориши Кумитаи омор, ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон дар 4 моҳи соли ҷорӣ беш аз 2,1 млрд долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 67,2 млн доллар камтар аст.Тибқи иттилои бадастомада дар моҳҳои январ-апрел аз ҷумҳурӣ ба маблағи 430,5 млн доллар маҳсулот содирот шудааст, воридот низ дар ҳаҷми нисбатан муътадил — 9,5% (146,6 млн доллар) коҳиш ёфтааст.Дар ин муддат ба кишвар ба маблағи ҳудуди 1,7 млрд доллар маҳсулот ворид шудааст.Ҳамин тариқ, тавозуни манфии савдо қариб ба 1,3 млрд доллар расида, содироти маҳсулоти чорвою растанигӣ, аз ҷумла пахта, маҳсулоти маъданӣ, аз ҷумла нерӯи барқ, металлҳои ғайриқимматбаҳо (алюминий) ва маснуоти аз онҳо нисбатан бештар коҳиш ёфт.Мақомоти Хатлон гуфт бо 40 кишвари хориҷӣ чӣ қадар савдо кардаастИнчунин тибқи иттилои манбаъ, ҳаҷми воридот асосан аз ҳисоби кам шудани пешниҳоди маҳсулоти кимиёвӣ, орд ва равған кам шуд.Тоҷикистон дар моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ бо 102 кишвари ҷаҳон равобити тиҷоратӣ дошт.Ёдовар мешавем, ки Русия шарики асосии тиҷоратист, ки Тоҷикистон дар ин муддат бо он беш аз 512 млн доллар додугирифт кардааст.Коҳиши тиҷорати дуҷонибаи Тоҷикистону ЭронПас аз он Чин (458 млн доллар), Қазоқистон (319 млн доллар), Ӯзбекистон (130 млн доллар) ва Туркия (125 млн доллар) ҷойгир шудаанд. Дар байни панҷ шарики беҳтарини тиҷоратӣ дар чаҳор моҳи аввали соли ҷорӣ афзоиши тиҷорат бо Русия (7,5%), Чин (2,1%) ва Туркия (6,3%) ба қайд гирифта шудааст.Гардиши мол бо Қазоқистон (15,1%) ва Ӯзбекистон (25,7%) коҳиш ёфтааст.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/13/1058352172_161:0:1121:720_1920x0_80_0_0_cca581115c042e8fd64743b2459c344f.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тасвирбаён, тоҷикистон, додугирифт, савдо, хориҷ, тиҷорат, савдо
тасвирбаён, тоҷикистон, додугирифт, савдо, хориҷ, тиҷорат, савдо
Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷ чӣ қадар савдо кардааст?
Ба тасвирбаёни Sputnik назар андозед то бубинед, ки Тоҷикистон бо кишварҳои хориҷ дар се моҳи аввали сол чӣ қадар додугирифт кардааст.
Бар асоси гузориши Кумитаи омор, ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон дар 4 моҳи соли ҷорӣ беш аз 2,1 млрд долларро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 67,2 млн доллар камтар аст.
Тибқи иттилои бадастомада дар моҳҳои январ-апрел аз ҷумҳурӣ ба маблағи 430,5 млн доллар маҳсулот содирот шудааст, воридот низ дар ҳаҷми нисбатан муътадил — 9,5% (146,6 млн доллар) коҳиш ёфтааст.
Дар ин муддат ба кишвар ба маблағи ҳудуди 1,7 млрд доллар маҳсулот ворид шудааст.
Ҳамин тариқ, тавозуни манфии савдо қариб ба 1,3 млрд доллар расида, содироти маҳсулоти чорвою растанигӣ, аз ҷумла пахта, маҳсулоти маъданӣ, аз ҷумла нерӯи барқ, металлҳои ғайриқимматбаҳо (алюминий) ва маснуоти аз онҳо нисбатан бештар коҳиш ёфт.
Инчунин тибқи иттилои манбаъ, ҳаҷми воридот асосан аз ҳисоби кам шудани пешниҳоди маҳсулоти кимиёвӣ, орд ва равған кам шуд.
Тоҷикистон дар моҳҳои январ-апрели соли ҷорӣ бо 102 кишвари ҷаҳон равобити тиҷоратӣ дошт.
Ёдовар мешавем, ки Русия шарики асосии тиҷоратист, ки Тоҷикистон дар ин муддат бо он беш аз 512 млн доллар додугирифт кардааст.
Пас аз он Чин (458 млн доллар), Қазоқистон (319 млн доллар), Ӯзбекистон (130 млн доллар) ва Туркия (125 млн доллар) ҷойгир шудаанд. Дар байни панҷ шарики беҳтарини тиҷоратӣ дар чаҳор моҳи аввали соли ҷорӣ афзоиши тиҷорат бо Русия (7,5%), Чин (2,1%) ва Туркия (6,3%) ба қайд гирифта шудааст.
Гардиши мол бо Қазоқистон (15,1%) ва Ӯзбекистон (25,7%) коҳиш ёфтааст.