https://sputnik.tj/20230719/rusiya-nishast-briks-lavrov-namoyandagi-1058351564.html
ҶАҶ: Русияро дар нишасти БРИКС Лавров намояндагӣ хоҳад кард
ҶАҶ: Русияро дар нишасти БРИКС Лавров намояндагӣ хоҳад кард
Sputnik Тоҷикистон
Дафтари президенти Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ хабар дод, ки бо Маскав дар мавриди иштирок дар ҳамоиши БРИКС дар Йоҳаннесбург созиш ҳосил шудааст
2023-07-19T16:42+0500
2023-07-19T16:42+0500
2023-07-19T16:42+0500
брикс
русия
созмон
ҳамоиш
намояндагӣ
владимир путин
сергей лавров
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1e/1058001550_0:26:3080:1759_1920x0_80_0_0_1d9d2d2d33520327a3e6ec841d54c578.jpg
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Раисҷумҳури Русия, Владимир Путин ба нишасти БРИКС дар Йоҳаннесбург намеравад, иттилоъ дод дафтари президенти Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ. Ба иттилои манбаъ, давлати Русияро дар ин ҳамоиш вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров намояндагӣ мекунад."Бо мувофиқаи тарафайн, раисиҷумҳур Владимир Путин дар ин ҳамоиш ширкат нахоҳад кард. Дар ин ҳамоиш аз ҷониби Федератсияи Русия вазири хориҷа Сергей Лавров намояндагӣ хоҳад шуд", — омадааст дар изҳорот.Намояндаи Вазорати умури хориҷии Русия, Мария Захарова дар шарҳи ин изҳорот ба РИА "Новости" таъкид намудааст, ки тибқи анъана мулоқотҳои сатҳи олиро дастгоҳи президент тавзеҳ медиҳад. Нишасти БРИКС рӯзҳои 22-24 август баргузор мешавад. Ба ҷуз аз шахси аввали кишвари мизбон, дар ин чорабинӣ раҳбарони Чин, Бразилия ва Ҳиндустон ширкат хоҳанд кард.БРИКС ё худ BRICS баргирифтаи ҳарфҳои аввали номи 5 узви ин созмон бо забони англисӣ мебошад, ки айни ҳол ба яке аз созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ табдил ёфта истодааст.Созмони мазкур аз 5 давлат - Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин, Африқои Ҷанубӣ иборат мебошад. Дар нишаст дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ аз ҷумла дар назар аст, ки масъалаи меъёрҳои тавсеаи созмон баррасӣ карда шаванд, ки метавонад даҳҳо кишварро фаро гирад.
https://sputnik.tj/20230719/briks-metavonad-kishvarro-faro-1058341692.html
русия
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1e/1058001550_198:0:2929:2048_1920x0_80_0_0_d415337ef8dae8ea77e596ac4b9b8c3a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия, ҳамоиш, брикс, ҳамоиш, созиш, намояндагӣ
русия, ҳамоиш, брикс, ҳамоиш, созиш, намояндагӣ
ҶАҶ: Русияро дар нишасти БРИКС Лавров намояндагӣ хоҳад кард
Дафтари президенти Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ хабар дод, ки бо Маскав дар мавриди иштирок дар ҳамоиши БРИКС дар Йоҳаннесбург созиш ҳосил шудааст
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Раисҷумҳури Русия, Владимир Путин ба нишасти БРИКС дар Йоҳаннесбург намеравад, иттилоъ дод дафтари президенти Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ.
Ба иттилои манбаъ, давлати Русияро дар ин ҳамоиш вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров намояндагӣ мекунад.
"Бо мувофиқаи тарафайн, раисиҷумҳур Владимир Путин дар ин ҳамоиш ширкат нахоҳад кард. Дар ин ҳамоиш аз ҷониби Федератсияи Русия вазири хориҷа Сергей Лавров намояндагӣ хоҳад шуд", — омадааст дар изҳорот.
Намояндаи Вазорати умури хориҷии Русия, Мария Захарова дар шарҳи ин изҳорот ба РИА "Новости" таъкид намудааст, ки тибқи анъана мулоқотҳои сатҳи олиро дастгоҳи президент тавзеҳ медиҳад.
Нишасти БРИКС рӯзҳои 22-24 август баргузор мешавад. Ба ҷуз аз шахси аввали кишвари мизбон, дар ин чорабинӣ раҳбарони Чин, Бразилия ва Ҳиндустон ширкат хоҳанд кард.
БРИКС ё худ BRICS баргирифтаи ҳарфҳои аввали номи 5 узви ин созмон бо забони англисӣ мебошад, ки айни ҳол ба яке аз созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ табдил ёфта истодааст.
Созмони мазкур аз 5 давлат - Бразилия, Русия, Ҳиндустон, Чин, Африқои Ҷанубӣ иборат мебошад.
Дар нишаст дар Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ аз ҷумла дар назар аст, ки масъалаи меъёрҳои тавсеаи созмон баррасӣ карда шаванд, ки метавонад даҳҳо кишварро фаро гирад.