https://sputnik.tj/20230719/rais-khatlon-sohibkoroni-eron-peshnihod-1058341069.html
Раиси Хатлон ба соҳибкорони эронӣ коркарди ашёи хоми вилоятро пешниҳод кард
Раиси Хатлон ба соҳибкорони эронӣ коркарди ашёи хоми вилоятро пешниҳод кард
Sputnik Тоҷикистон
Нахи пахтае, ки дар Хатлон истеҳсол мегардад, дорои сифати баланд буда, ҳазорҳо тонна пашми тавлидкардаи вилоят низ ниёз ба коркард дорад
2023-07-19T10:58+0500
2023-07-19T10:58+0500
2023-07-19T10:58+0500
дар тоҷикистон
иқтисод
ҳамкорӣ
хатлон
эрон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/1a/1054509381_0:0:2048:1153_1920x0_80_0_0_e4e8958bd194368cff8e8269ac9883d6.jpg
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо роҳбарони як қатор корхонаҳои истеҳсолии Эрон густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд. Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон, Давлаталӣ Саид доир ба зарфиятҳои вилоят изҳор дошт, ки кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятноку пешбаранда маҳсуб меёбад.Ӯ афзудааст, ки дар вилоят оби дарёҳо фаровон буда, барои зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ имкониятҳо зиёданд."Як қисми маҳсулоти мо ба хориҷи кишвар ҳамчун ашёи хом содирот карда мешавад", - изҳор доштааст Давлаталӣ Саид ва ба соҳибкорони эронӣ масъалаи коркард дар дохилро пешниҳод намудаст. Зикр шудаст, ки ҳамасола дар Хатлон то 300 ҳазор тонна пахта истеҳсол мегардад, ки дорои сифати баланд мебошад. Инчунин, беш аз 6 ҳазор тонна пашм истеҳсол мегардад, ки ба коркард ниёз дорад.Ба иттилои ҳукумати Хатлон, Эрон ба сегонаи аввали кишварҳои сармоягузор дар вилоят ба шумор рафта, 18,5%-и сармояи хориҷии воридшуда ба иқтисодиёти минтақа мансуб ба ҷумҳурии исломӣ мебошад.Ҷониби эронӣ омодагии худро барои ироаи хадамоти фаннӣ-муҳандисӣ, интиқоли технолоҷӣ ва баррасии арсаҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталиф баён доштаст. Ба иттилои ҳукумати Хатлон, дар муддати беш аз 30 соли равобити дипломатӣ ҳудуди 200 санади муҳими ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Эрон ба имзо расидааст, ки замина барои таҳкими ҳамкориҳо мебошад.
https://sputnik.tj/20230718/tojikistonu-chekhiya-bakhshhoi-moshinsozi-metallurgi-va-sanoati-istehsolro-taqviyat-mebkhshand-1058335090.html
эрон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/01/1a/1054509381_178:0:1998:1365_1920x0_80_0_0_2154085637f5d8c23d70df872eb24800.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
мулоқот, раис, хатлон, соҳибкорон, эрон
мулоқот, раис, хатлон, соҳибкорон, эрон
Раиси Хатлон ба соҳибкорони эронӣ коркарди ашёи хоми вилоятро пешниҳод кард
Нахи пахтае, ки дар Хатлон истеҳсол мегардад, дорои сифати баланд буда, ҳазорҳо тонна пашми тавлидкардаи вилоят низ ниёз ба коркард дорад
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бо роҳбарони як қатор корхонаҳои истеҳсолии Эрон густариши ҳамкориҳоро баррасӣ намуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон, Давлаталӣ Саид доир ба зарфиятҳои вилоят изҳор дошт, ки кишоварзӣ яке аз самтҳои афзалиятноку пешбаранда маҳсуб меёбад.
Ӯ афзудааст, ки дар вилоят оби дарёҳо фаровон буда, барои зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ имкониятҳо зиёданд.
"Як қисми маҳсулоти мо ба хориҷи кишвар ҳамчун ашёи хом содирот карда мешавад", - изҳор доштааст Давлаталӣ Саид ва ба соҳибкорони эронӣ масъалаи коркард дар дохилро пешниҳод намудаст.
Зикр шудаст, ки ҳамасола дар Хатлон то 300 ҳазор тонна пахта истеҳсол мегардад, ки дорои сифати баланд мебошад.
Инчунин, беш аз 6 ҳазор тонна пашм истеҳсол мегардад, ки ба коркард ниёз дорад.
Ба иттилои ҳукумати Хатлон, Эрон ба сегонаи аввали кишварҳои сармоягузор дар вилоят ба шумор рафта, 18,5%-и сармояи хориҷии воридшуда ба иқтисодиёти минтақа мансуб ба ҷумҳурии исломӣ мебошад.
Ҷониби эронӣ омодагии худро барои ироаи хадамоти фаннӣ-муҳандисӣ, интиқоли технолоҷӣ ва баррасии арсаҳои сармоягузорӣ дар бахшҳои мухталиф баён доштаст.
Ба иттилои ҳукумати Хатлон, дар муддати беш аз 30 соли равобити дипломатӣ ҳудуди 200 санади муҳими ҳамкорӣ байни Тоҷикистону Эрон ба имзо расидааст, ки замина барои таҳкими ҳамкориҳо мебошад.