https://sputnik.tj/20230719/rahmon-toqaev-shariki-strategi-tojikistonu-qazoqiston-1058357096.html
Раҳмон бо Тоқаев масоили шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистонро баррасӣ кард
Раҳмон бо Тоқаев масоили шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистонро баррасӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ раисҷумҳури Тоҷикистон бо президенти Қазоқистон вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстию ҳамкории ду кишварро баррасӣ кард
2023-07-19T20:30+0500
2023-07-19T20:30+0500
2023-07-19T20:30+0500
дар тоҷикистон
қазоқистон
қосим -жомарт тоқаев
эмомалӣ раҳмон
мулоқот
арабистони саудӣ
ҳамкорӣ
равобит
раисҷумҳур
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/11/1042333051_0:201:2924:1846_1920x0_80_0_0_64cd40198f920cb94ec968f1af9b829f.jpg
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Раисҷумури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҳамоиши нахустини Шӯрои сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ дар шаҳри Ҷиддаи Подшоҳии Арабистони Саудӣ бо Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев дидору гуфтугӯ кард.Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.Бино бар иттилои манбаъ, зимни мулоқот тарафҳо маҷмӯи масоили шарикии стратегии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.Раҳбари Тоҷикистон вохӯриро боз як имкони хуб барои муҳокимаи вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон донист.Дар ин мулоқотраҳбарони ду кишвар қайд карданд, ки татбиқи пайгиронаи мувофиқаҳои қаблан байни ду кишвар ҳосилшуда барои таъмиқи муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистон мусоидат хоҳад кард.Ҳамчунин тарафҳо рафти омодагиро ба чорабиниҳои муштараки дуҷониба ва бисёрҷонибаи минтақавию байналмилалалии дарпешистода мавриди муҳокима қарор доданд.Инчунин Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим-Ҷомарт Тоқаев зимни мулоқот дигар масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ намуданд.Таъкид шудааст, ки сарони давлатҳо барои боз ҳам самаранок истифода бурдани ҳамаи имкониятҳо ҷиҳати ба муваффақият гузаронидани рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қазоқистон дар моҳи август, инчунин чорабиниҳои сатҳи олӣ – Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал табодули андеша карданд.
https://sputnik.tj/20230719/khona-khudo-rahmon-aks-1058352742.html
қазоқистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/09/11/1042333051_98:0:2827:2047_1920x0_80_0_0_6d208c3bb3d4d8c92e6b22143176aef5.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, қазоқистон, тоқаев, раҳмон, мулоқот, масоил, шарикии стратегӣ, ҳамкорӣ, равобит, дурнамо
тоҷикистон, қазоқистон, тоқаев, раҳмон, мулоқот, масоил, шарикии стратегӣ, ҳамкорӣ, равобит, дурнамо
Раҳмон бо Тоқаев масоили шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистонро баррасӣ кард
Дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ раисҷумҳури Тоҷикистон бо президенти Қазоқистон вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстию ҳамкории ду кишварро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Раисҷумури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи ҳамоиши нахустини Шӯрои сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ дар шаҳри Ҷиддаи Подшоҳии Арабистони Саудӣ бо Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев дидору гуфтугӯ кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти раисҷумҳури кишвар хабар додааст.
Бино бар иттилои манбаъ, зимни мулоқот тарафҳо маҷмӯи масоили шарикии стратегии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Раҳбари Тоҷикистон вохӯриро боз як имкони хуб барои муҳокимаи вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дӯстию ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон донист.
Дар ин мулоқотраҳбарони ду кишвар қайд карданд, ки татбиқи пайгиронаи мувофиқаҳои қаблан байни ду кишвар ҳосилшуда барои таъмиқи муносибатҳои шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистон мусоидат хоҳад кард.
Ҳамчунин тарафҳо рафти омодагиро ба чорабиниҳои муштараки дуҷониба ва бисёрҷонибаи минтақавию байналмилалалии дарпешистода мавриди муҳокима қарор доданд.
Инчунин Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим-Ҷомарт Тоқаев зимни мулоқот дигар масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ намуданд.
Таъкид шудааст, ки сарони давлатҳо барои боз ҳам самаранок истифода бурдани ҳамаи имкониятҳо ҷиҳати ба муваффақият гузаронидани рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қазоқистон дар моҳи август, инчунин чорабиниҳои сатҳи олӣ – Вохӯрии панҷуми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои муассиси Фонди байналмилалии наҷоти Арал табодули андеша карданд.