https://sputnik.tj/20230719/korshinos-shons-burdi-tojikiston-bozihoi-osiyo-2023-arzyobi-1058337734.html
Коршинос шонси бурди тими миллии Тоҷикистонро дар Бозиҳои Осиё-2023 арзёбӣ кард
Коршинос шонси бурди тими миллии Тоҷикистонро дар Бозиҳои Осиё-2023 арзёбӣ кард
Sputnik Тоҷикистон
Коршинос Ғайрат Неъматов гуфт, варзишкорони тоҷик дар кадом риштаҳои Бозиҳои осиёӣ-2023 соҳиби ҷоизаву медалҳо хоҳанд шуд
2023-07-19T09:02+0500
2023-07-19T09:02+0500
2023-07-19T09:02+0500
навигариҳои варзиши тоҷикистон
дар тоҷикистон
варзишгарони тоҷик
осиё
иштирок
медал
шонс
бурд
коршинос
тоҷик
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103006/19/1030061924_0:0:1001:563_1920x0_80_0_0_cc2c996539c090a1f42a795c6f392d03.png
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Имкон дорад аз Тоҷикистон ба Бозиҳои Осиё-2023 дар Чин панҷ варзишкор сафар намояд.Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон сармураббии дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ Ғайрат Неъматов хабар дод."Барои варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои осиёӣ баромад кардан ва нишон додани натиҷаи хуб хеле мӯътабар аст, зеро ин мавқеи онҳоро дар раддабандии ҷаҳонӣ беҳтар хоҳад кард", - гуфт ӯ.Дар баробари ин мураббӣ шикоят кард, ки имрӯз дар кишвар кам варзишкор аст, ки тавонад меъёрро иҷро кунад.Мураббӣ ҳамчунин имкони тими Тоҷикистонро барои ба даст овардани ҷоизаҳои бонуфуз дар Бозиҳои Осиё-2023 арзёбӣ кард.Неъматов дар баробари ин иқрор шуд, ки на ҳамаи созмонҳои варзишӣ ҳамин гуна имкониятҳоро доранд."Бисёре аз раисони федератсия наметавонанд кори ба таври муътадил таъмин намояд, аммо курсии худро мустаҳкам нигоҳ медоранд. Бояд инсоф дошта бошанд ва мақомҳои худро тарк кунанд ва рушди варзишро суст накунанд", - гуфт коршинос.Вай таъкид кард, ки варзишкорони тоҷик танҳо дар сурати ширкат дар мусобиқоти рейтингӣ метавонанд ба Олимпиадаи соли 2024 дар Порис роҳ ёбанд. Вале онҳо на танҳо имконият надоранд, балки ҷамъомади хуб, таҷҳизот ва лавозимоти зарурӣ ҳам надоранд."Фикр мекунам, ба ҷуз аз Тоҷикистон, дигаркишварҳо чунин мушкилотро надоранд. Аммо дар мавсими имсола варзишкорони тоҷик на танҳо Бозиҳои осиёӣ дар Чин, балки дар як қатор мусобиқаҳои муҳими дигар, ба монанди Универсиада, Бозиҳои осиёӣ дар варзишгоҳҳои пӯшида ва ғайра иштирок хоҳанд кард”, - хулоса кард оқои Неъматов.Ёдовар мешавем, ки аз 23 сентябр то 8 октябр Бозиҳои осиёӣ - 2023 дар шаҳри Ханчжоуи Чин баргузор хоҳад шуд. Мусобиқа ҳар 4 сол як маротиба баргузор мешавад. Дар он варзишкорони Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард, аммо ҳайати дақиқи даста ҳанӯз эълом нашудааст.
https://sputnik.tj/20230718/barguzori-avvalin-qahramoni-gushtingiri-rusiya-1058336497.html
осиё
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/103006/19/1030061924_45:0:934:667_1920x0_80_0_0_e9c560435898fe5c8dcd9544b1c8086d.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
тоҷикистон, коршинос, варзишкор, бозиҳои осиё-2023, арзёбӣ, медал, мураббӣ
тоҷикистон, коршинос, варзишкор, бозиҳои осиё-2023, арзёбӣ, медал, мураббӣ
Коршинос шонси бурди тими миллии Тоҷикистонро дар Бозиҳои Осиё-2023 арзёбӣ кард
Коршинос Ғайрат Неъматов гуфт, варзишкорони тоҷик дар кадом риштаҳои Бозиҳои осиёӣ-2023 соҳиби ҷоизаву медалҳо хоҳанд шуд
ДУШАНБЕ, 19 июл — Sputnik. Имкон дорад аз Тоҷикистон ба Бозиҳои Осиё-2023 дар Чин панҷ варзишкор сафар намояд.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон сармураббии дастаи мунтахаби ҷумҳурӣ Ғайрат Неъматов хабар дод.
"Барои варзишгарони тоҷик дар Бозиҳои осиёӣ баромад кардан ва нишон додани натиҷаи хуб хеле мӯътабар аст, зеро ин мавқеи онҳоро дар раддабандии ҷаҳонӣ беҳтар хоҳад кард", - гуфт ӯ.
Дар баробари ин мураббӣ шикоят кард, ки имрӯз дар кишвар кам варзишкор аст, ки тавонад меъёрро иҷро кунад.
"Элдар Аҳмадиеви боистеъдод ҳаст, аммо вазъи саломатиаш хуб нест. То ӯ пурра шифо наёбад, чизе ҳам барои гуфтан нест", - гуфт оқои Неъматов.
Мураббӣ ҳамчунин имкони тими Тоҷикистонро барои ба даст овардани ҷоизаҳои бонуфуз дар Бозиҳои Осиё-2023 арзёбӣ кард.
"Фикр мекунам, дар дзюдо ва бокс пирӯз мешавем ва соҳиби медали тилло хоҳем шуд. Дар маҷмӯъ, шумори медалҳо аз пештара бояд бештар бошад. Ин ба он далел аст, ки ин федератсияҳо барои рушди ин навъи варзишҳо маблағҳои зиёдеро сармоягузорӣ кардаанд ва ин натиҷа медиҳад”, - шарҳ дод ӯ.
Неъматов дар баробари ин иқрор шуд, ки на ҳамаи созмонҳои варзишӣ ҳамин гуна имкониятҳоро доранд.
"Бисёре аз раисони федератсия наметавонанд кори ба таври муътадил таъмин намояд, аммо курсии худро мустаҳкам нигоҳ медоранд. Бояд инсоф дошта бошанд ва мақомҳои худро тарк кунанд ва рушди варзишро суст накунанд", - гуфт коршинос.
Вай таъкид кард, ки варзишкорони тоҷик танҳо дар сурати ширкат дар мусобиқоти рейтингӣ метавонанд ба Олимпиадаи соли 2024 дар Порис роҳ ёбанд. Вале онҳо на танҳо имконият надоранд, балки ҷамъомади хуб, таҷҳизот ва лавозимоти зарурӣ ҳам надоранд.
"Фикр мекунам, ба ҷуз аз Тоҷикистон, дигаркишварҳо чунин мушкилотро надоранд. Аммо дар мавсими имсола варзишкорони тоҷик на танҳо Бозиҳои осиёӣ дар Чин, балки дар як қатор мусобиқаҳои муҳими дигар, ба монанди Универсиада, Бозиҳои осиёӣ дар варзишгоҳҳои пӯшида ва ғайра иштирок хоҳанд кард”, - хулоса кард оқои Неъматов.
Ёдовар мешавем, ки аз 23 сентябр то 8 октябр Бозиҳои осиёӣ - 2023 дар шаҳри Ханчжоуи Чин баргузор хоҳад шуд. Мусобиқа ҳар 4 сол як маротиба баргузор мешавад. Дар он варзишкорони Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард, аммо ҳайати дақиқи даста ҳанӯз эълом нашудааст.