Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон барои бори 5-ум хонаи Худоро зиёрат кард.

Вай либоси хоси маросими ҳаҷ – эҳромро ба бар карда, вориди хонаи Худо гардида, дохили Каъбатуллоҳ 2 ракъат намози нафл хонд.

Баъди намозои нафл, Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ бо 7 маротиба давр задан дар гирди хонаи Каъба, яъне тавофи қиблаи мусулмонон дар рӯйи замин, ба ҷо оварданд.

Пас аз тавофи хонаи Каъба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пушти мақоми пайғамбар Иброҳими Халилуллоҳ, ки дар як паҳлӯи Каъбатуллоҳ аст, 2 ракъат намози нафл хонд.

Дар назди чоҳи замзам аз оби он нӯшида, ба пояи кӯҳи Сафо баромад, то дар саъйгоҳ, яъне миёни кӯҳҳои Сафо ва Марва 7 маротиба рафтуо кунанд.

Чаҳор бор аз Сафо то Марва ва се бор баръакс ҳаракат бояд кард.

Барои Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки се маротиба ба дохили хонаи рамзии Худо – Каъбатуллоҳ ворид шавад.

Дафтари матбуот мегӯяд, президент бо гузоштани 2 ракъат намоз, барои Тоҷикистон ва мардуми шарифи он дуою фотиҳаи наку намуд.

Зикр гардидаст, ки барои шаҳрвандони Тоҷикистон, зоироне, ки мақсади тавофи хонаи Каъбаву зиёрати равзаи паёмбари ислом Муҳаммади Мустафоро (с) доранд, сол то сол шароити беҳтар муҳайё шуда истодааст.

Қаблан Эмомалӣ Раҳмон солҳои 1997, 2001, 2005, 2016 ва 2017 ба подшоҳии Арабистони Саудӣ сафарҳои расмӣ ва корӣ анҷом дода буд.