Суроғаи консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург иваз шуд

© Sputnik / Амир ИсаевФлаг Таджикистана
Флаг Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2023
Обуна шудан
Сафорати Тоҷикистон эълон кард, ки консулгарии генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт – Петербурги Русия ба бинои нав кӯч баст
ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Бинои нави консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт – Петербург, дар кӯчаи Черняховского 63-65 назди метрои Лиговский воқеъ аст, иттилоъ додааст сафорати Тоҷикистон дар Русия.
Қаблан консулгарии генералии Тоҷикистон дар шаҳри Санкт-Петербург дар кӯчаи 2-я Советская, бинои 27/2 воқеъ буд.
Ба иттилои манбаъ Консулгарӣ фаъолияти худро дар бинои нав аз 01 августи соли 2023 оғоз хоҳад кард.
Ёдовар мешавем, ки чанде вазорати хориҷаи Тоҷикистон хабар дод, ки дар Маскав намояндагии дипломатии Тоҷикистон тағйири макон мекунад.
Ба иттилои Вазорат Сафорати кишвар дар Русия, ки солҳои сол дар Маскав дар кӯчаи Гранатний переулок буд, акнун ба бинои Меҳмонхона (Гостевой дом)-и ҳукумати Тоҷикистон, ки дар буриши кӯчаи дуюми Тверская-Ямская, кӯчаи Чаянов бино 3 қарор дорад, кӯч мебандад.
Меҳмонхона (Гостевой дом)-и Ҳукумати Тоҷикистон дар маркази шаҳри Маскав, дар буриши кӯчаи дуюми Тверская-Ямская ва кӯчаи Чаянов ҷойгир шудааст.
Меҳмонхонаи ҳукумати Тоҷикистон дар фосилаи ҳамагӣ 550-600 метр аз истгоҳҳои метрои Белорусская ва Маяковская воқеъ шудааст.
Лентаи хабарҳо
0