https://sputnik.tj/20230718/rusiya-qasd-zidd-tabiz-internet-muboriza-1058321837.html
Дар Русия қасд доранд, зидди табъиз дар интернет ҷидди мубориза баранд
Дар Русия қасд доранд, зидди табъиз дар интернет ҷидди мубориза баранд
Sputnik Тоҷикистон
Таъсиси системаи иттилоотии мониторинги пешгирии ҳолатҳои муноқиша боз як талоши президенти Федератсияи Русия оид ба мубориза бо табъиз мебошад
2023-07-18T12:25+0500
2023-07-18T12:25+0500
2023-07-18T12:25+0500
дар русия
фарҳанг
дин ва оин
иҷтимоъ
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/07/1057594675_0:236:3013:1932_1920x0_80_0_0_2dd083bbadd83d0dc9634ec0b1086dda.jpg
ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Додситонии кулли Русия якҷо бо Роскомнадзор барои аз байн бурдани табъиз бо нишонаҳои миллат дар расонаҳо ва интернет чораҳо меандешад.Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дастури дахлдорро дар ин самт дод. Қайд карда мешавад, ки ниҳодҳо бояд то 1 сентябри соли 2023 дар бораи муваффақиятҳои аввалин гузориш диҳанд. "Барои пешгирии паҳншавии иттилооте, ки шаъну шарафи инсонро дар заминаи миллӣ табъиз ва ё паст мезанад, чораҳои иловагӣ андешида шавад",- гуфта мешавад дар ҳуҷҷат.Додситони кулли Федератсияи Русия Игор Краснов ва раиси Роскомнадзор Андрей Липов масъули иҷрои ин тарҳ таъин шуданд. Илова бар ин, президент дастур дод, ки системаи иттилоотии мониторинги огоҳии барвақт аз ҳолатҳои муноқишаро таъсис диҳад. Қаблан Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ба мусулмонон ба муносибати Иди Қурбон табрик гуфта буд. Ӯ ёдовар шуд, ки ҷашн аз қадимулайём бо амалҳои нек ва ғамхорӣ ба ҳамсоя таҷлил шуда, барои таҳкими ормонҳои некиву шафқат ва адолат дар ҷомеа хидмат мекунад. Путин таъкид кард, ки ҷомеаи мусалмонони Федератсияи Русия дар ҳаёти кишвар нақши бузурги созанда дошта, дар таҳкими сулҳи байни миллатҳо ва динҳо саҳми арзанда мегузорад ва барои ҳифзи арзишҳои оилавӣ мусоидат мекунад.
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/07/1057594675_156:0:2885:2047_1920x0_80_0_0_825c5728588d623bd776134900002679.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
русия зид табъиз интернет мубориза
русия зид табъиз интернет мубориза
Дар Русия қасд доранд, зидди табъиз дар интернет ҷидди мубориза баранд
Таъсиси системаи иттилоотии мониторинги пешгирии ҳолатҳои муноқиша боз як талоши президенти Федератсияи Русия оид ба мубориза бо табъиз мебошад
ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Додситонии кулли Русия якҷо бо Роскомнадзор барои аз байн бурдани табъиз бо нишонаҳои миллат дар расонаҳо ва интернет чораҳо меандешад.
Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин дастури дахлдорро дар ин самт дод.
Қайд карда мешавад, ки ниҳодҳо бояд то 1 сентябри соли 2023 дар бораи муваффақиятҳои аввалин гузориш диҳанд.
"Барои пешгирии паҳншавии иттилооте, ки шаъну шарафи инсонро дар заминаи миллӣ табъиз ва ё паст мезанад, чораҳои иловагӣ андешида шавад",- гуфта мешавад дар ҳуҷҷат.
Додситони кулли Федератсияи Русия Игор Краснов ва раиси Роскомнадзор Андрей Липов масъули иҷрои ин тарҳ таъин шуданд.
Илова бар ин, президент дастур дод, ки системаи иттилоотии мониторинги огоҳии барвақт аз ҳолатҳои муноқишаро таъсис диҳад.
Қаблан Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, ба мусулмонон ба муносибати Иди Қурбон табрик гуфта буд. Ӯ ёдовар шуд, ки ҷашн аз қадимулайём бо амалҳои нек ва ғамхорӣ ба ҳамсоя таҷлил шуда, барои таҳкими ормонҳои некиву шафқат ва адолат дар ҷомеа хидмат мекунад.
Путин таъкид кард, ки ҷомеаи мусалмонони Федератсияи Русия дар ҳаёти кишвар нақши бузурги созанда дошта, дар таҳкими сулҳи байни миллатҳо ва динҳо саҳми арзанда мегузорад ва барои ҳифзи арзишҳои оилавӣ мусоидат мекунад.