https://sputnik.tj/20230718/rahmon-guft-sharti-rasidan-ba-kursihoi-rohbarikunanda-dar-tojikiston-chist-1058326274.html
Раҳмон гуфт, шарти расидан ба курсиҳои роҳбарикунанда дар Тоҷикистон чист
Раҳмон гуфт, шарти расидан ба курсиҳои роҳбарикунанда дар Тоҷикистон чист
Sputnik Тоҷикистон
Сарвари давлат дар назди кадрҳои таъингардида дар баробари донишҳои тахассусӣ донистани ду забони хориҷиро дар шароити кунунӣ амри ҳатмӣ шуморидааст
2023-07-18T14:40+0500
2023-07-18T14:40+0500
2023-07-18T14:40+0500
дар тоҷикистон
тағйироти кадрӣ
эмомалӣ раҳмон
кадрҳо
мулоқот
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1a/1057931111_0:0:3077:1731_1920x0_80_0_0_95eb8dc288c28307e6efd2d0287da8d9.jpg
ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар пайи тағйироти кадрӣ мақомдорони навро ба ҳузур пазируфт ва аз онҳо хизмати софдилонаро тақозо кард.Ба гузориши дафтари матбуоти раисҷумҳур, тағйирот дар мақомоти суд, Прокуратура, Вазорати мудофиа ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди президент аз ҳисоби кадрҳои ҷавону соҳибтаҷриба сурат гирифтПрезидент гуфтааст, ки зимни интихоб ба вазифаҳои роҳбарикунанда ба сатҳи баланди касбӣ, садоқату поквиҷдонӣ ва донишҳои замонавии кадрҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.Зимни суҳбат раисҷумҳур ба фаъолияти мақомоти судӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда, барои таъмини адолати судӣ ва баррасии шаффофи парвандаҳои ҷиноятӣ дастурҳои мушаххас додааст."Президенти мамлакат аз кадрҳои навтаъиншуда талаб карданд, ки ба волоияти қонун, мубориза бар зидди амалҳои дорои хусусиятҳои коррупсионӣ, шаффофият, баррасии одилона ва таъмини адолату ҳақиқат зимни баррасии парвандаҳо диққати махсус диҳанд",- афзудааст манбаъ.Гуфта мешавад, ки дар ин дидор бо кадрҳо сардори давлат таъкид кардааст, ки ба тарбияи кадрҳои ҷавон, бахусус аз ҳисоби занону бонувон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардад.Сарвари давлат дар назди кадрҳои таъингардида дар баробари донишҳои тахассусӣ донистани ду забони хориҷиро дар шароити кунунӣ амри ҳатмӣ шуморидааст.Ҳамчунин, вай мубориза бар зидди ҳамагуна ҷинояткорӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандонро аз вазифаҳои асосии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шуморида, дар ин самт дастурҳои мушаххас додааст.“Нисбат ба муроҷиати шаҳрвандон масъулияти бештар зоҳир карда, зимни баррасии парвандаҳо ва арзу шикояти мардум бо масъулияти бештар ва аз рӯйи адолат амал намоед”, таъкид доштааст Раҳмон.Гуфта мешавад, ки кадрҳои дар ин соҳаҳо таъиншуда, аз ҳисоби мутахассисони варзидаи соҳа, хатмкардагони ду ва ё зиёда донишкадаҳои олии ҳарбӣ, ки зимни адои хизмат аз худ маҳорати касбӣ ва матонату садоқат нишон додаанд, интихоб гардидаанд.
https://sputnik.tj/20230718/taghyirot-kadri-nizomi-dodgoh-rahmon-10-sudyaro-barkanor-1058322629.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/06/1a/1057931111_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_0d4eae743d052a332ae0b6e8f554ef68.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
раҳмон шарт расидан курсиҳо роҳбарӣ тоҷикистон
раҳмон шарт расидан курсиҳо роҳбарӣ тоҷикистон
Раҳмон гуфт, шарти расидан ба курсиҳои роҳбарикунанда дар Тоҷикистон чист
Сарвари давлат дар назди кадрҳои таъингардида дар баробари донишҳои тахассусӣ донистани ду забони хориҷиро дар шароити кунунӣ амри ҳатмӣ шуморидааст
ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар пайи тағйироти кадрӣ мақомдорони навро ба ҳузур пазируфт ва аз онҳо хизмати софдилонаро тақозо кард.
Ба гузориши дафтари матбуоти раисҷумҳур, тағйирот дар мақомоти суд, Прокуратура, Вазорати мудофиа ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди президент аз ҳисоби кадрҳои ҷавону соҳибтаҷриба сурат гирифт
Президент гуфтааст, ки зимни интихоб ба вазифаҳои роҳбарикунанда ба сатҳи баланди касбӣ, садоқату поквиҷдонӣ ва донишҳои замонавии кадрҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
"Бояд ҳар яки Шумо зимни адои вазифа ва масъулияти ба дӯш дошта бояд манфиатҳои давлату миллатро аз ҳама боло гузошта, дар хизмати мардум бошед”, - афзудааст кишвардор.
Зимни суҳбат раисҷумҳур ба фаъолияти мақомоти судӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир карда, барои таъмини адолати судӣ ва баррасии шаффофи парвандаҳои ҷиноятӣ дастурҳои мушаххас додааст.
"Президенти мамлакат аз кадрҳои навтаъиншуда талаб карданд, ки ба волоияти қонун, мубориза бар зидди амалҳои дорои хусусиятҳои коррупсионӣ, шаффофият, баррасии одилона ва таъмини адолату ҳақиқат зимни баррасии парвандаҳо диққати махсус диҳанд",- афзудааст манбаъ.
Гуфта мешавад, ки дар ин дидор бо кадрҳо сардори давлат таъкид кардааст, ки ба тарбияи кадрҳои ҷавон, бахусус аз ҳисоби занону бонувон таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардад.
Сарвари давлат дар назди кадрҳои таъингардида дар баробари донишҳои тахассусӣ донистани ду забони хориҷиро дар шароити кунунӣ амри ҳатмӣ шуморидааст.
Ҳамчунин, вай мубориза бар зидди ҳамагуна ҷинояткорӣ, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандонро аз вазифаҳои асосии кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шуморида, дар ин самт дастурҳои мушаххас додааст.
“Нисбат ба муроҷиати шаҳрвандон масъулияти бештар зоҳир карда, зимни баррасии парвандаҳо ва арзу шикояти мардум бо масъулияти бештар ва аз рӯйи адолат амал намоед”, таъкид доштааст Раҳмон.
Гуфта мешавад, ки кадрҳои дар ин соҳаҳо таъиншуда, аз ҳисоби мутахассисони варзидаи соҳа, хатмкардагони ду ва ё зиёда донишкадаҳои олии ҳарбӣ, ки зимни адои хизмат аз худ маҳорати касбӣ ва матонату садоқат нишон додаанд, интихоб гардидаанд.