Раҳмон ҳамроҳ бо ду вазир ва раиси Кумитаи дин ба Арабистони Саудӣ сафар кард

© Flickr \ Пресс-служба Президента ТаджикистанаЭмомали Рахмон перед вылетом
Эмомали Рахмон перед вылетом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2023
Обуна шудан
Раисҷумҳури Тоҷикистон барои ширкат дар нишасти "Осиёи Марказӣ - Шӯрои ҳамкориҳои кишварҳои арабии Халиҷи Форс" сафар кард
ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Ҷиддаи Подшоҳии Арабистони Саудӣ сафар кард, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Бино бар иттилои манбаъ кишвардори Тоҷикистон ба Арабистони Саудӣ барои ҳати иштирок дар Нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва кишварҳои арабии Халиҷ сафар кардааст.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти кишварро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон, Сарвазири кишвар, муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президент ва дигар шахсони расмӣ гусел намуданд.
Дафтари матбуоти раисҷумҳур қайд кардааст, ки дар ин сафар Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва оид ба масъалаҳои иқтисодӣ, Вазири молия, Раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.07.2023
Тағйироти кадрӣ дар Маркази исломшиносӣ: Раҳмон барканору таъйин кард
Ба иттилои дафтари матбуоти прзеденти кишвар сафри раҳмон ба Арабистон то 19 июль давом мекунад.
дар нишасти қарибулвуқӯъ сарони Арабистони Саудӣ, Баҳрайн, Қатар, Кувайт, Имороти Муттаҳидаи Араб, Уммон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон ширкат хоҳанд кард.
"Тибқи рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ дар бахшҳои сиёсӣ, тиҷоратӣ-иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитарӣ баррасӣ мешаванд", - афзуд манбаъ.
Дар чаҳорчӯби ин ҳамоиш як қатор мулоқотҳои дуҷониба низ ба нақша гирифта шудааст, афзуд хадамоти матбуоти.
Илова бар ин, Эмомалӣ Раҳмон ба Макка зиёрат карда, маросими ҳаҷро адо мекунад.
Лентаи хабарҳо
0