https://sputnik.tj/20230718/donishgoh-peterburg-barnoma-omuzish-zabon-farhang-tojik-tahiya-1058327672.html
Донишгоҳи Санкт-Петербург барномаҳои омӯзиши забону фарҳанги тоҷикиро таҳия мекунад
Донишгоҳи Санкт-Петербург барномаҳои омӯзиши забону фарҳанги тоҷикиро таҳия мекунад
Sputnik Тоҷикистон
Ректори Донишгоҳи Санкт-Петербург бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи ҳамкориҳои стратегиро ба имзо расонд
2023-07-18T16:15+0500
2023-07-18T16:15+0500
2023-07-18T16:15+0500
дар тоҷикистон
русия
ҳамкорӣ
маориф
санкт-петербург
вазорати маорифу илми тоҷикистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/1b/1032708299_0:94:3307:1954_1920x0_80_0_0_c7a1e41960779c5610c33d26da0ddf06.jpg
ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург қарор аст барномаҳои таълимӣ барои омӯзиши забон, фарҳанг ва таърихи Тоҷикистон таҳия кунад.Дар ин бора Николай Кропачев, ректори донишгоҳи Санкт-Петербург зимни бастани созишномаи ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон изҳор дошт. Шарикии байналхалқӣ пеш аз ҳама лоиҳаҳои якҷояи омода кардани кадрҳо дар соҳаҳои саноат, фарҳанг, нигахдории тандурустӣ ва ҳуқуқи тиббиро дар назар дорад. Тавре муовини аввали сардори Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Ҷамшед Ҷӯразода қайд намуд, ҳамкориҳои Федератсияи Русия ва Тоҷикистон хусусияти стратегӣ дошта, махсусан дар соҳаи маориф фаъолона амалӣ карда мешавад. "Мо медонем, ки Донишгоҳи Санкт-Петербург қадимтарин ва яке аз бонуфузтарин донишгоҳҳои Русия аст. Хеле хушҳолем, ки бо шумо ҳамкорӣ хоҳем кард",-афзуд ӯ. Дафтари матбуоти донишгоҳ тавзеҳ дод, ки айни замон дар Донишгоҳи Санкт-Петербург 64 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ таҳсил мекунанд. Қаблан хабар дода шуда буд, ки Русия имкони таъсиси аналоги маркази таълимии Сириус барои кӯдакони лаёқатманд дар Тоҷикистонро баррасӣ мекунад. Ба гуфтаи муовини нахуствазири Русия Марат Хуснуллин, ин тарҳ дар заминаи мактаби русӣ ба номи Гагарин дар Душанбе дар назар аст.
https://sputnik.tj/20230619/khusnuli-tojikiston-markazi-sirius-tashkil-1057783276.html
русия
санкт-петербург
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e5/01/1b/1032708299_289:0:3020:2048_1920x0_80_0_0_6f9dfbf1fba5ac6902fdbd1be7255546.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
донишгоҳ санкт-петербург барнома омӯзиш забон фарҳанг тоҷик
донишгоҳ санкт-петербург барнома омӯзиш забон фарҳанг тоҷик
Донишгоҳи Санкт-Петербург барномаҳои омӯзиши забону фарҳанги тоҷикиро таҳия мекунад
Ректори Донишгоҳи Санкт-Петербург бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон созишномаи ҳамкориҳои стратегиро ба имзо расонд
ДУШАНБЕ, 18 июл — Sputnik. Донишгоҳи давлатии Санкт-Петербург қарор аст барномаҳои таълимӣ барои омӯзиши забон, фарҳанг ва таърихи Тоҷикистон таҳия кунад.
Дар ин бора Николай Кропачев, ректори донишгоҳи Санкт-Петербург зимни бастани созишномаи ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон изҳор дошт.
Шарикии байналхалқӣ пеш аз ҳама лоиҳаҳои якҷояи омода кардани кадрҳо дар соҳаҳои саноат, фарҳанг, нигахдории тандурустӣ ва ҳуқуқи тиббиро дар назар дорад.
Тавре муовини аввали сардори Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ Ҷамшед Ҷӯразода қайд намуд, ҳамкориҳои Федератсияи Русия ва Тоҷикистон хусусияти стратегӣ дошта, махсусан дар соҳаи маориф фаъолона амалӣ карда мешавад.
"Мо медонем, ки Донишгоҳи Санкт-Петербург қадимтарин ва яке аз бонуфузтарин донишгоҳҳои Русия аст. Хеле хушҳолем, ки бо шумо ҳамкорӣ хоҳем кард",-афзуд ӯ.
Дафтари матбуоти донишгоҳ тавзеҳ дод, ки айни замон дар Донишгоҳи Санкт-Петербург 64 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ таҳсил мекунанд.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки Русия имкони таъсиси аналоги маркази таълимии Сириус барои кӯдакони лаёқатманд дар Тоҷикистонро баррасӣ мекунад.
Ба гуфтаи муовини нахуствазири Русия Марат Хуснуллин, ин тарҳ дар заминаи мактаби русӣ ба номи Гагарин дар Душанбе дар назар аст.