https://sputnik.tj/20230716/namoyanda-nav-popi-rum-tojikiston-1058294116.html
Намояндаи нави Попи Рум барои Тоҷикистон кист?
Намояндаи нави Попи Рум барои Тоҷикистон кист?
Sputnik Тоҷикистон
Попи Рум намояндаи наваш ё худ нунтсий барои кишварҳои Осиёи Марказиро таъйин кард, ки аз ҷумла дар Тоҷикистон низ адои рисолат хоҳад кард
2023-07-16T15:00+0500
2023-07-16T15:00+0500
2023-07-16T15:00+0500
дар ҷаҳон
попи рум
таъйин
сафир
фарҳанг
дин ва оин
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/11/1047721461_0:0:3071:1728_1920x0_80_0_0_6d2a1dd8067a45057730c1e7486153fd.jpg
ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Фиристодаи нави Ватикан ё худ нунстий дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Георг Панамтхундил таъйин шудааст. Дар ин бора дафтари матбуоти Ватикан бо нашри як иттилоия хабар дода, афзуд, санади таъйиноти Панамтхундил аз ҷониби Попи Рум, Франсиск таъйид шудааст. Дар баробари Тоҷикистон сафири нави Ватикан ҳамчунин дар Қазоқистон ва Қирғизистон низ адои рисолат хоҳад кард. Мақари асосӣ ва доимии фиристодаи Попи Рум Остона хоҳад буд, аммо аз кишварҳои дигари Осиёи Миёна низ боздид хоҳад кард. Дафтари матбуоти дафтари Попи Рум ҳамчунин бархе аз тафсилоти тарҷумаи ҳоли сафири нави Ватикан дар кишварҳои Осиёи Марказиро нашр намудааст. Ба иттилои ин ниҳод, Панамтхундил қаблан дар нунситураҳои Коста-Рика, Гвинея, Ироқ, Австрия, Исроил вазифаҳои гуногунро ишғол кардааст. Вай ҳамчунин дар ҳайати апостолӣ дар Ерусалим ва Фаластин ва дар намояндагии Попи Рум дар Кипр кор кардааст. Дафтари матбуоти Попи Рум фиристодаи нав барои кишварҳои Осиёи Марказиро ҳамчун чеҳраи забондон муаррифӣ намуда, афзудааст, ки бо збонҳои фаронсавӣ, англисӣ, испанӣ ва олмонӣ балад аст. Намояндагии дипломатии Ватикан дар Тоҷикистон 15 июни соли 1996 ба таври доимӣ таъсис ёфтааст. Аммо нунсиияи доимамалкунандаи мақараш бевосита дар Тоҷикистонро надорад. Мақари доимии фиристодаи Попи Рум дар Остона ҷойгир буда, сафири Ватикан аз кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ низ боздид мекунад.
https://sputnik.tj/20230515/subot-dokhili-tahammulpazirii-millat-rahmon-1057109272.html
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/04/11/1047721461_0:0:2729:2047_1920x0_80_0_0_5a3052b4951e7ca66e71c47388c5d616.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
таъйин, фиристода, ватикан, тоҷикистон, кишвар
таъйин, фиристода, ватикан, тоҷикистон, кишвар
Намояндаи нави Попи Рум барои Тоҷикистон кист?
Попи Рум намояндаи наваш ё худ нунтсий барои кишварҳои Осиёи Марказиро таъйин кард, ки аз ҷумла дар Тоҷикистон низ адои рисолат хоҳад кард
ДУШАНБЕ, 16 июл — Sputnik. Фиристодаи нави Ватикан ё худ нунстий дар кишварҳои Осиёи Марказӣ Георг Панамтхундил таъйин шудааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти Ватикан бо нашри як иттилоия хабар дода, афзуд, санади таъйиноти Панамтхундил аз ҷониби Попи Рум, Франсиск таъйид шудааст.
Дар баробари Тоҷикистон сафири нави Ватикан ҳамчунин дар Қазоқистон ва Қирғизистон низ адои рисолат хоҳад кард. Мақари асосӣ ва доимии фиристодаи Попи Рум Остона хоҳад буд, аммо аз кишварҳои дигари Осиёи Миёна низ боздид хоҳад кард.
Дафтари матбуоти дафтари Попи Рум ҳамчунин бархе аз тафсилоти тарҷумаи ҳоли сафири нави Ватикан дар кишварҳои Осиёи Марказиро нашр намудааст.
Ба иттилои ин ниҳод, Панамтхундил қаблан дар нунситураҳои Коста-Рика, Гвинея, Ироқ, Австрия, Исроил вазифаҳои гуногунро ишғол кардааст.
Вай ҳамчунин дар ҳайати апостолӣ дар Ерусалим ва Фаластин ва дар намояндагии Попи Рум дар Кипр кор кардааст.
Дафтари матбуоти Попи Рум фиристодаи нав барои кишварҳои Осиёи Марказиро ҳамчун чеҳраи забондон муаррифӣ намуда, афзудааст, ки бо збонҳои фаронсавӣ, англисӣ, испанӣ ва олмонӣ балад аст.
Намояндагии дипломатии Ватикан дар Тоҷикистон 15 июни соли 1996 ба таври доимӣ таъсис ёфтааст. Аммо нунсиияи доимамалкунандаи мақараш бевосита дар Тоҷикистонро надорад.
Мақари доимии фиристодаи Попи Рум дар Остона ҷойгир буда, сафири Ватикан аз кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ низ боздид мекунад.