https://sputnik.tj/20230716/masofa-dur-zireh-vedeo-1058295237.html
Чӣ гуна зиреҳпӯши украинӣ аз масофаи дур нобуд карда шуд? - видео
Чӣ гуна зиреҳпӯши украинӣ аз масофаи дур нобуд карда шуд? - видео
Sputnik Тоҷикистон
Артиллеристҳо ба нуқтаҳои таҷаммӯи ҳайати низомиёну техникаи ҳарбии қувваҳои мусаллаҳи Украина зарба зада, қисми зиёдро нобуд карданд
2023-07-16T17:00+0500
2023-07-16T17:00+0500
2023-07-17T17:40+0500
видео
амният ва мудофиа
вазорати дифоъи русия
навор
зарба
амалиёт
украина
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/10/1058295268_111:0:1087:549_1920x0_80_0_0_bfe1f336981b7fa327bc52ff559ab32a.png
Навори зарбаи артиллеристҳо ба нуқтаи ҷамъоии мошинҳои зиреҳпӯши Қувваҳои Мусаллаҳи Украинаро Вазорати мудофиаи Русия нашр кард. Бар асоси видеои нашркардаи Вазорати дифоъ дида мешавад, ки ҳайати артиллерии Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия аз гаубитсаи 152 мм-ӣ маъруф бо номи Д-20 бо оташкушоиии дақиқ як мошини ҷангии пиёданизомро нобуд мекунад. Тавзеҳ дода шудааст, ки зарбаи мазкур ба техникаи ҳариф дар самти Краснолиманский дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ расонда шудааст. Дар ҷараёни корҳои ҷангӣ артиллеристҳо дар ҳамкорӣ бо операторони ҳавопаймоҳои бесарнишин ба ҷамъшавии мошинҳои зиреҳпӯши Қувваҳои Мусаллаҳи Украина зарба заданд.Путин гуфт, Русия ҳам бомбҳои хӯшаӣ дорад ва метавонад посух диҳад Тағайирот дар тирандозӣ дар вақти воқеӣ анҷом дода шуд, ки ин имкон дод, техникаи душман бо миқдори ками тир дар масофаи беш аз 12 км нобуд карда шавад. Маврид ба зикр аст, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ анҷом медиҳад. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро "ҳифозати одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд". Ба гуфтаи раҳбари Русия, ҳадафи ниҳоии амалиёт озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти кишварро кафолат медиҳад.
украина
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/10/1058295268_233:0:965:549_1920x0_80_0_0_fefda729b05e624f58df74d8b65e8950.pngSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
навор, нобудсозӣ, зиреҳпӯш, украина, амалиёт, вижа, низомӣ
навор, нобудсозӣ, зиреҳпӯш, украина, амалиёт, вижа, низомӣ
Чӣ гуна зиреҳпӯши украинӣ аз масофаи дур нобуд карда шуд? - видео
17:00 16.07.2023 (Навсозишуда: 17:40 17.07.2023) Артиллеристҳо ба нуқтаҳои таҷаммӯи ҳайати низомиёну техникаи ҳарбии қувваҳои мусаллаҳи Украина зарба зада, қисми зиёдашро нобуд карданд
Навори зарбаи артиллеристҳо ба нуқтаи ҷамъоии мошинҳои зиреҳпӯши Қувваҳои Мусаллаҳи Украинаро Вазорати мудофиаи Русия нашр кард.
Бар асоси видеои нашркардаи Вазорати дифоъ дида мешавад, ки ҳайати артиллерии Ҳавзаи марказии ҳарбии Русия аз гаубитсаи 152 мм-ӣ маъруф бо номи Д-20 бо оташкушоиии дақиқ як мошини ҷангии пиёданизомро нобуд мекунад.
Тавзеҳ дода шудааст, ки зарбаи мазкур ба техникаи ҳариф дар самти Краснолиманский дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ расонда шудааст.
Дар ҷараёни корҳои ҷангӣ артиллеристҳо дар ҳамкорӣ бо операторони ҳавопаймоҳои бесарнишин ба ҷамъшавии мошинҳои зиреҳпӯши Қувваҳои Мусаллаҳи Украина зарба заданд.
Тағайирот дар тирандозӣ дар вақти воқеӣ анҷом дода шуд, ки ин имкон дод, техникаи душман бо миқдори ками тир дар масофаи беш аз 12 км нобуд карда шавад.
Маврид ба зикр аст, ки Русия аз 24 феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ анҷом медиҳад.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин вазифаи онро "ҳифозати одамоне номид, ки дар тӯли ҳашт сол таҳти таъқиб ва наслкушӣ аз ҷониби режими Киев қарор гирифтаанд".
Ба гуфтаи раҳбари Русия, ҳадафи ниҳоии амалиёт озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти кишварро кафолат медиҳад.