Ярмаркаҳои рӯзҳои истироҳат дар Душанбе: аз куҷо маҳсулот харидан мумкин аст

© Sputnik / © Sputnik / Амир ИсаевФрукты на рынке Мехргон
Фрукты на рынке Мехргон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2023
Обуна шудан
Дар намоишгоҳҳои фурӯш, ки дар навоҳии мухталифи шаҳри Душанбе ташкил шудаанд, тамоми маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи арзонтар аз бозор ба фурӯш гузошта мешавад
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Дар Душанбе дар давоми ду моҳ - июл ва август ярмаркаи маҳсулоти хоҷагии қишлоқ барпо мегардад.
Дар намоишгоҳ-фурӯш метавон сабзавоту меваҷот, ашёи рӯзгорро харид кард ва инчунин таомҳои миллиро тановул намуда, дар чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ширкат варзад.
Дар Душанбе ярмаркаи маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳунарҳои мардумӣ оғоз ёфт - акс
Бино ба иттилои хабаргузории "Ховар" бо истинод ба Вазорати кишоварзӣ, барои сокинони Душанбе рӯзҳои истироҳатии 15 ва 16 июл фурӯши маҳсулот аз минтақаҳо ташкил шудааст. Рӯзи 15 июл сокинон аз боғҳои фарҳангӣ ва фароғатӣ метавонанд маҳсулоти кишоварзиро харид кард.
Хаём" - аз Панҷакент;
"Боғи кудакон" - аз ноҳияи Ашт;
"Куруши Кабир" - аз Норак.
16 июл метавон аз ин маконҳо харид кард:

Боғи фарҳангӣ-фароғатии "Ирам" - аз Исфара;
"Кули ҷавонон" - ноҳияи Бобоҷон Ғафуров;
"Алишер Навой" — ноҳияи Хуросон.
Гуфта мешавад, ки дар ярмаркаҳо тамоми маҳсулоти кишоварзӣ бо нархи пасти бозор ба фурӯш бароварда мешаванд:
1 кг картошка аз 4 то 4,50 сомонӣ;
пиёз - аз 1,80 то 2 сомонӣ;
сабзӣ - 3 сомонӣ;;
дигар сабзавот - аз 3 то 5 сомонӣ;
гӯшти гов - 55 сомонӣ;
30 дона тухм - 27 сомонӣ;
мева - аз 2 то 5 сомонӣ;
тарбуз барои як дона - 10-12 сомонӣ;
равған (5 литр) - 65 сомонӣ;
орд (50 кг) - 210 сомонӣ.
Ба ҷуз аз Душанбе, чунин чорабиниҳо дар манотиқи Ҳисор, Бохтар, Конибодом, Ваҳдат, Турсунзода, Панҷакент, Норак, Исфара, Хуҷанд ва дигар шаҳрҳои Тоҷикистон баргузор мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0