Ҳушдор аз гармои маргбор дар ҳафт кишвари арабӣ

© AFP 2023 / DAMIEN MEYERТермометр показывает почти 40 градусов по Цельсию, архивное фото
Термометр показывает почти 40 градусов по Цельсию, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.07.2023
Обуна шудан
Дар кишварҳои Миср, Ироқ, Арабистон, Сурия, Лубнон, Фаластин ва Урдун тибқи ҳушдори коршиносон гармои тоқатфарсои то 50 дараҷаӣ фаро мерасад
ДУШАНБЕ, 15 июл — Sputnik. Кишварҳои минтақаи Ғарби Осиёро чанд рӯзи оянда гармои тоқатфарсо фаро мегирад, ҳушдори медиҳанд коршиносон.
Ба гузоришаши шабакаи туркияии " ТРТ ", ҳафт кишвари арабӣ дар чанд рӯзи оянда шоҳиди падидае ба номи " гунбади ҳароратӣ " хоҳанд буд.
Ин манбаъ меафзояд, гармои шадид метавонад таҳдиде барои ҷони афрод бошад.
Коршиносони ҳавошиносӣ пешбинӣ карданд, ки гармои ҳаво дар Миср, Ироқ, Арабистон, Сурия, Лубнон, Фаластин ва Урдун ба беш аз 50 дараҷа хоҳад расид.
Туман в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.07.2023
Чангу ғубор дар Тоҷикистон идома хоҳад дошт
Тибқи ин гузориш ин падида мумкин аст ду то ҳафт рӯз идома пайдо кунад ва таҳдиде барои саломати инсонҳо ба вижа солмандон аст.
Маргбортарин мавҷи гармо дар соли 2003 дар Аврупо буд, ки боиси марги 30 ҳазор нафар шуд.
Ёдовар мешавем, ки ҳавосанҷони тоҷик низ аз фаро расидани гармии шадид дар Тоҷикистон ҳушдор дода буданд. Илова бар ин, ҳавои аксар минтақаҳои ҷумҳуриро чангу ғубор фаро гирифтааст, ки ба саломатии инсон зиён меорад.
Лентаи хабарҳо
0