https://sputnik.tj/20230715/aks-karimov-mirziyoev-marosim-savgandyodkuni-uzbekiston-1058271977.html
Аз Каримов то Мирзиёев: маросими савгандёдкунии раҳбарони Ӯзбекистон - акс
Аз Каримов то Мирзиёев: маросими савгандёдкунии раҳбарони Ӯзбекистон - акс
Sputnik Тоҷикистон
Шавкат Мирзиёев барои саввумин бор ба мақоми раҳбари давлат интихоб шуд. Ду маросими қаблӣ пас аз интихоботи солҳои 2016 ва 2021 баргузор шуда буд
2023-07-15T11:05+0500
2023-07-15T11:05+0500
2023-07-15T11:47+0500
акс
интихобот
шавкат мирзиёев
раисҷумҳур
маросими савгандёдкунӣ
савгандёдкунӣ
ислом каримов
ӯзбекистон
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/0e/1058272149_0:0:1000:563_1920x0_80_0_0_65c67921b3822cee399871c70b277034.jpg
Пеш аз Мирзиёев раисҷумҳури собиқ Ислом Каримов савганд ёд мекард. Маросимҳои савганёдкунии президентҳои Ӯзбекистон чӣ гуна мегузашт - ба гузориши аксии Sputnik Тоҷикистон назар андозед.
ӯзбекистон
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e7/07/0e/1058272149_136:0:887:563_1920x0_80_0_0_a6162f236a4260adaab7cb6efd6e1d57.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
акс, каримов, мирзиёев, маросими савгандёдкунӣ, ӯзбекистон, интихобот, раисҷумҳур
акс, каримов, мирзиёев, маросими савгандёдкунӣ, ӯзбекистон, интихобот, раисҷумҳур
Аз Каримов то Мирзиёев: маросими савгандёдкунии раҳбарони Ӯзбекистон - акс
11:05 15.07.2023 (Навсозишуда: 11:47 15.07.2023) Шавкат Мирзиёев барои саввумин бор ба мақоми раҳбари давлат интихоб шуд. Ду маросими қаблӣ пас аз интихоботи солҳои 2016 ва 2021 баргузор шуда буд
Пеш аз Мирзиёев раисҷумҳури собиқ Ислом Каримов савганд ёд мекард. Маросимҳои савганёдкунии президентҳои Ӯзбекистон чӣ гуна мегузашт - ба гузориши аксии Sputnik Тоҷикистон назар андозед.

Маросими савгандёдкунии Президенти нахустини Ӯзбекистон Ислом Каримов.

Маросими ботантанаи савгандёдкунии Шавкат Мирзиёев пас аз интихоб шуданаш ба даври аввали раисҷумҳурӣ, 14 декабри соли 2016.

Шавкат Мирзиёев дар интихоботи ғайринавбатии президентӣ дар соли 2016 пас аз даргузашти Ислом Каримов пирӯз шуд.

Тибқи тарҳи пешинаи Қонуни асосӣ, президент ба мӯҳлати панҷ сол интихоб мешуд.

Президенти интихобшуда Шавкат Мирзиёев савганд ёд кард.

Соли 2021 Шавкат Мирзиёев бори дуюм ҳамчун раисҷумҳур интихоб шуд.

Маросими савгандёдкунӣ 6 декабр баргузор шуд.

Дар маросими савгандёдкунии раисиҷумҳури тозаинтихоб вакилони парлумон суруди миллиро гӯш мекунанд.

Маросими савгандёдкунӣ дар ҷаласаи муштараки ҳарду палатаи парлумон баргузор шуд.

Хизматчиёни ҳарбии Горди миллӣ ба толори ҷаласа шаҳодатномаи президент, инчунин - рамзҳои давлатӣ – парчам ва нишони сарисинагии президентро мебароранд.

Шавкат Мирзиёев шаҳодатномаи нави раисҷумҳурро гирифт.

Президенти тозаинтихоб дасташро ҳам ба Сарқонуни кишвар ва Қуръон гузошта, матни савгандро хонд.

"Ба мардум содиқона хизмат намуда, Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳурӣро қатъиян риоя намуда, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандонро кафолат медиҳам, вазифаҳои дар назди Президенти Ӯзбекистон гузошташударо софдилона ба ҷо меорам", - қасам хӯрд Президент.

Шаҳодатномаи навро ба президент раиси Комиссияи марказии интихоботӣ Зайниддин Низомхоҷаев тақдим кард.

Президент ба муҳлати панҷ сол интихоб шуд. Аммо моҳи июли соли 2022 дар робита ба қабули Қонуни асосии кишвар интихоботи нави ғайринавбатӣ баргузор шуд.