Cуғд чиро истеҳсол карду чиро ба хориҷа дод?

© Sputnik / Илья НаймушинМошинҳои боркаш дар шоҳроҳ
Мошинҳои боркаш дар шоҳроҳ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2023
Обуна шудан
Тавозуни савдои хориҷии вилояти Суғд дар нимсолаи аввали соли равон манфӣ боқӣ монда, содироти коло аз воридоти мол ҳудуди 2 баробар кам аст
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Давоми 6 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Суғд ба маблағи зиёда аз 12,1 млрд сомонӣ сомонӣ расонида шуд.
Дар ин бора зимни ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят​ дар 6 моҳи соли 2023 муовини якуми раиси Суғд, Хол Ҳайдар гузориш дод.
Таъкид гардидаст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта суръати афзоиши саноатӣ 11% таъмин гардид.
Ҳамчунин кишоварзони вилоят ба ҳолати аввали соли равон, ба маблағи 4,2 млрд маҳсулот истеҳсол кардаанд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 15% зиёд аст. Қисмате аз маҳсулоти тавлидшуда ба хориҷа интиқол ёфтаанд.
Мешки с картошкой - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2023
Нони дуюм арзон мешавад?: Мақомот аз афзоиши ҳосили картоша гуфт
Тибқи ин омор, тавлидоти маҳсулоти асосӣ ба миқдори 150 ҳазор тонна орд, қариб 2,4 ҳазор тонна равғани растанӣ, зиёда аз 16 ҳазор тонна нон ва маҳсулоти нонӣ, қариб 7 ҳазор қуттии шартӣ консерваҳои гуногун таъмин шудаст.
Мақомоти Суғд мегӯянд, дар нимсолаи якуми соли 2023 наздики 150 ҳазор тон маъдан ва консентрат ба маблағи наздик ба 236 млн доллар содир гардидааст.
Инчунин зиёда аз 252 ҳазор тон семент ба маблағи 8 млн доллар ва қариб 22,5 ҳазор тон нахи пахта ба маблағи зиёда аз 40 млн доллар ба хориҷа интиқол ёфтааст.
Дар умум ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Суғд дар моҳҳои январ-июни соли 2023 ба зиёда аз 1,35 млрд доллари амрикоӣ баробар шуд.
Ба иттилои Хол Ҳайдар, ҳаҷми воридоти коло дар нимсолаи аввал муодили 926 млн доллар шуда, содирот ба 424 млн доллар баробар гардидаст.
Лентаи хабарҳо
0