Тағйироти кадрӣ дар ҳукумати Хатлон

© Sputnik / Павел Бедняков / Гузариш ба медиабонкЧиновники сидят на креслах
Чиновники сидят на креслах - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.07.2023
Обуна шудан
Ноиби раиси ҳукумати Хатлон ба кормандони ин ниҳод мудири нави Бойгонии давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро муаррифӣ намуд
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Раиси Хатлон, Давлаталӣ Саид ба мақоми мудири Бойгонии давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, Фирӯз Юсуфзодаро таъйин кард.
Дар ин бора дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон иттилоъ дода, афзуд, ки мудири навро ноиби раиси Хатлон, Фирӯза Шарифӣ муаррифӣ намуд.
Шарифӣ ба роҳбари нав дар вазифаи пурмасъулаш комёбиҳо таманно намуда, ба масъулин тавсияҳо доданд, ки ба мардуми шарифи вилояти Хатлон содиқона хизмат намоянд.
Ин дар ҳолест, ки ахиран дар мувофиқа бо роҳбари вилояти Хатлон дар Раёсати фарҳанг ва Раёсати ҷавонон ва варзиши минтақа тағйироти кадрӣ шуда, роҳбарони нав таъйин гардиданд.
Тақдими рутбаи генерал ба Мирзомуродзода Рустам Тағоймурод, сардори раёсати умури дохилии ВМКБ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.07.2023
Сардори нави БДА - генерал Мирзомуродзода кист?
Аз ҷумла ҳунарпешаи ҷавон Мустафои Ватан ба мақоми сардори Раёсати фарҳанг таъйин шудааст. Мустафои Ватан то таъйиноташ роҳбари Театри вилоятии мусиқӣ-мазҳакавии ба номи Саидалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб буд.
Қаблан роҳбарии Раёсати фарҳанги Хатлонро Рамазон Насриддинзода ба уҳда дошт, ки ахиран ба далели гузштан ба кори дигар аз ин вазифа барканор шудааст.
Дафтари матбуоти ҳукумати Хатлон иттилоъ дод, ки Рамазон Насриддинзода ба мақоми сардори Раёсати ҷавонон ва варзиши вилоят таъйин гардид.
Лентаи хабарҳо
0