https://sputnik.tj/20230714/shsh-rasman-shariki-navi-paydo-kard-1058268189.html
СҲШ расман шарики нави пайдо кард
СҲШ расман шарики нави пайдо кард
Sputnik Тоҷикистон
Дар пайи узвияти комили Эрон ба Созмони Ҳамкориҳои Шанхай як кишвари нави арабӣ бо имзои санад ба ҳайси шарики нави созмон пазируфта шуд
2023-07-14T15:07+0500
2023-07-14T15:07+0500
2023-07-14T15:07+0500
сҳш
дар ҷаҳон
баҳрайн
чин
баҳрайн
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/1c/1051741771_0:40:3072:1768_1920x0_80_0_0_efa27705f89257e6758c1f24445a98dc.jpg
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Баҳрайн шарики муколамаи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай гардид, иттилоъ дод дафтари матбуоти созмон. Ба иттилои манбаъ, ёддошт дар бораи додани мақоми дахлдор дар маросиме дар котиботи созмон ба имзо расид. Ҳуҷҷатро дабири кулли иттиҳодия Чжан Минг ва сафири Баҳрайн дар Чин Муҳаммад Аднан Шайхо имзо карданд. Акнун ин кишвари араб метавонад дар кори СҲШ то андозае иштирок кунад.Ин дар ҳолест, ки аввали моҳи равон Эрон ба ҳайси узви комилҳуқуқи СҲШ пазируфта шуда, раванди пазироиши Белорус расман оғоз гардид. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ахиран изҳор дошт, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Созмони Ҳамкории Шанхай дар ҳоли афзоиш аст. Ба гуфтаи Раҳмон, СҲШ ҳампайвандии беназири тамаддунҳо ва фарҳангҳоро таҷассум менамояд ва ин далели ҷолибияти баланди он мебошад.Дар ин робита зимни ҷаласаи ахири сарони кишварҳои узви созмон, Эмомалӣ Раҳмон таҳияи консепсияи тавсеаи минбаъдаи Созмони ҳамкории Шанхайро барои давраи миёнамуҳлат пешниҳод кард.СҲШ созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Аъзои созмон феълан Тоҷикистон, Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Ӯзбекистон ва ҳамакнун Эрон мебошанд. Кишварҳои нозир – Афғонистон, Муғулистон ва Беларус мебошанд. Кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия, Шри-Ланка ва ҳамакнун Баҳрайн мебошанд.
https://sputnik.tj/20230704/eron-uzviyat-komil-sozmon-hamkori-shonghoy-1058071734.html
баҳрайн
чин
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
2023
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
Хабарҳо
tg_TJ
Sputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
https://cdnn1.img.sputnik.tj/img/07e6/09/1c/1051741771_341:0:3072:2048_1920x0_80_0_0_8db89a2fb0bc3ee8be7d8fc64329cd4a.jpgSputnik Тоҷикистон
info@sputnik.tj
+74956456601
MIA „Rossiya Segodnya“
шарик, сҳш, кишвар, араб, санад, имзо
шарик, сҳш, кишвар, араб, санад, имзо
СҲШ расман шарики нави пайдо кард
Дар пайи узвияти комили Эрон ба Созмони Ҳамкориҳои Шанхай як кишвари нави арабӣ бо имзои санад ба ҳайси шарики нави созмон пазируфта шуд
ДУШАНБЕ, 14 июл — Sputnik. Баҳрайн шарики муколамаи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай гардид, иттилоъ дод дафтари матбуоти созмон.
Ба иттилои манбаъ, ёддошт дар бораи додани мақоми дахлдор дар маросиме дар котиботи созмон ба имзо расид.
Ҳуҷҷатро дабири кулли иттиҳодия Чжан Минг ва сафири Баҳрайн дар Чин Муҳаммад Аднан Шайхо имзо карданд. Акнун ин кишвари араб метавонад дар кори СҲШ то андозае иштирок кунад.
Ин дар ҳолест, ки аввали моҳи равон Эрон ба ҳайси узви комилҳуқуқи СҲШ пазируфта шуда, раванди пазироиши Белорус расман оғоз гардид.
Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ахиран изҳор дошт, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Созмони Ҳамкории Шанхай дар ҳоли афзоиш аст.
Ба гуфтаи Раҳмон, СҲШ ҳампайвандии беназири тамаддунҳо ва фарҳангҳоро таҷассум менамояд ва ин далели ҷолибияти баланди он мебошад.
Дар ин робита зимни ҷаласаи ахири сарони кишварҳои узви созмон, Эмомалӣ Раҳмон таҳияи консепсияи тавсеаи минбаъдаи Созмони ҳамкории Шанхайро барои давраи миёнамуҳлат пешниҳод кард.
СҲШ созмони байналмилалӣ аст, ки соли 2001 таъсис ёфтааст. Аъзои созмон феълан Тоҷикистон, Русия, Ҳиндустон, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Ӯзбекистон ва ҳамакнун Эрон мебошанд.
Кишварҳои нозир – Афғонистон, Муғулистон ва Беларус мебошанд. Кишварҳои шарик Озарбойҷон, Арманистон, Камбоҷа, Непал, Туркия, Шри-Ланка ва ҳамакнун Баҳрайн мебошанд.